ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст

Декабрь 25, 2017 10:13

ДУШАНБЕ, 25.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок гардида, дар водиҳо ҳарорат номусоид дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барфи кӯтоҳмуддат ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар баъзе минтақаҳо боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 25 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 14-19  ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳамчунин ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ фаромадани туман пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ  шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 ва  рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 25, 2017 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад