ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва дар баландиҳои 2000 м хатари тармафароӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 27.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 27 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар буда, боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Рӯзона пастшавии ҳарорат пешгӯӣ гашта, ба 8-10 дараҷа мерасад. Дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии шамол аз самти ғарб ба мушоҳида расида, то 20-25 метр дар як сония мевазад. Дар ҷануби кишвар чангу ғубор дар назар аст. Тӯли ин муддат дар баландиҳои 2000 м хатари тармафароӣ пешгӯӣ карда мешавад.
Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи номусоид шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 27 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок гашта, тӯли рӯз боридани борон пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 3-2 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Обуҳавошиносон дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барфро пешгӯӣ мекунанд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона борон меборад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 28- 29 декабр дар ноҳияҳои кӯҳӣ яхбандии роҳҳо пешгӯӣ гашта, туман мефарояд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






