ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ДУШАНБЕ, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе минтақаҳои мамлакат боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 21 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, баъзан фаромадани туман ва боридани борону барф пешбинӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






