ОБУ ҲАВО: имрӯз гармии ҳаво дар Душанбе ба 16 дараҷа мерасад

Декабрь 20, 2017 08:39

ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво   тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе минтақаҳои мамлакат боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Гармии ҳаво имрӯз дар пойтахт ба 16 дараҷа мерасад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 20 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят боридани борон ва барф дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳарорати ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, баъзан фаромадани туман ва боридани борону барф пешбинӣ  шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5 ва  рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш  пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 20, 2017 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ