Паёми Пешвои миллат ва таҳлили воқеияти ҷаҳони муосир

Декабрь 26, 2017 11:58

ДУШАНБЕ, 26.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Воқеияти ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки вазъи муносибатҳои байналхалқӣ дар ҳоли гузариш қарор дошта, тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии он кишварҳоро водор месозад, ки дар самти таъмини амнияти миллӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар ин самт сиёсати дурусту оқилона роҳандозӣ намоянд.

Ин воқеиятҳо доимо мавриди таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, асоси воқеии онро Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд.

Мусаллам аст, ки асоси пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи дилхоҳ кишвар, аз ҷумла, сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро бе сулҳу субот ва оромии сартосарӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Вобаста ба ин Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат ба масъалаи таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти давлатии кишвар диққати махсус зоҳир менамоянд.

Маъмулан сиёсати хориҷӣ давоми мантиқии сиёсати дохилӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи он расидан ба аҳдофи миллии кишварҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари мазмун ва муҳтаво фарқкунанда буда,  метавон фарқи аввалинашро дар он арзёбӣ намуд, ки агар дар паёмҳои қаблӣ бахши сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши қабл аз хотимавиро ташкил медод, вале дар Паёми навбатӣ ин мавзӯъ дар садри Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Дар ин самт Пешвои миллат вобаста ба вазъи байналмилалӣ ва сулҳу суботи ҷаҳонӣ ибрози ақида намуда, ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳамкории муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ даъват намуд.

Инчунин Пешвои миллат иброз намуданд, ки «хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем», зеро вазъи кишвари Афғонистон ё минтақаи Ховари Миёна на танҳо ба вазъи минтақавӣ ва кишварҳои алоҳида халал ворид менамояд, балки вазъи ҷаҳониро ноором месозад. Дар ин ҳол барҳақ шеъри шоири бузурги форсу тоҷик Саъдии бузургвор ба ёдамон меояд, ки гуфта буд:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ба ғайр аз ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки «мо чунин мешуморем, ки кумак ба эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад» ва «бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкории густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».

Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомезро таъкид карданд, ки ин бори дигар аз саҳмгузории ҷониби Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналхалқӣ дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ дарак медиҳад.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат дурустии роҳи интихобкардаи мамлакатро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллӣ  дар асоси таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ  таъкид намуда, афзуданд, ки  «сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дода, доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшид ва барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард».

Аз тарафи дигар, оид ба самти минтақавии ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои манотиқи гуногуни олам, аз ҷумла, Аврупо ва Амрико, инчунин андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти густариши ҳамкорӣ бо мамолики Африқо ва Амрикои Лотинӣ ибрози назар карда шуд.

Иловатан мақоми муҳим доштани баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,  2018-2028 ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай низ аз масъалаҳои марбут ба аҳамияти байналмилалии Паёми Пешвои миллат маҳсуб меёфт.

Воқеан таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир боиси афзоиши аҳамияти дипломатияи иқтисодӣ гардида, он ба яке аз  афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Пешвои миллат истифодаи муассир ва самараноки воситаҳои дипломатияи иқтисодиро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ зарур арзёбӣ намуда, таъкид сохтанд, ки «густариши ҳамкории иқтисодӣ бо шарикони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои дахлдори он бошад».

Дар самти рушди минбаъдаи иқтисодӣ Пешвои миллат сафарбар кардани «ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи «иқтисодиёти сабз», фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун» таъкид дошта, амалӣ ва муҳайё гардидани заминаҳои мусоид ва стратегияву барномаҳои давлатиро таъкид сохтанд. Инчунин афзуданд, ки «тайи ду соли охир татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»  амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд».

Зиёда аз ин барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо гардидани зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ва дар солҳои 2018-2020 ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ барои рушди минбаъдаи иқтисоди мамлакат мусоидати амиқ хоҳад намуд.

Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки «тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида мешавад».

Масъалаи муҳими дигар, ки дар самти иқтисодӣ зикр гардид, ин буд, ки “дар 11 моҳи соли 2017 содирот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,4 фоиз афзоиш ёфта, воридот 10 фоиз кам шудааст» ва ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди иқтисодии кишвар мунтазам таъмин мегардад ва барои рушди минбаъдаи он маҳсулоте ки бе коркарди ниҳоӣ содирот карда мешавад, мавриди коркард қарор дода шавад.

Инчунин пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим арзёбӣ гардид.

Барои тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо, зарур шуморида шуд, ки ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо корхонаҳои саноатӣ дар самти омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ густариш дода шавад, ки ин яке аз воситаҳои муҳими дар амал тадбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён ба ҳисоб меравад.

Муҳимтар аз ҳама, ба хотири рушду равнақ додани соҳаҳои муҳим ва зарурии ҳаёти иқтисодии кишвар аз ҷониби давлат соҳаҳои зерин аз як қатор андозҳо озод карда шуд. Масалан изҳор гардид, ки:

  • соҳаи парандапарварӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти озуқа яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод карда шавад;
  • барои рушди сайёҳӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонию мусофиркашонӣ аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии давлатии «Тоҷик Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати навсозии техникии ширкат ва корхонаи мазкур ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркаш пурра аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд;
  • бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд;
  • бо дарназардошти бой будани Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ, ки шумораи онҳо ба зиёда аз 3500 навъ мерасад, соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд.

Дарвоқеъ, масоили баррасигардида дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҷанбаҳои муҳими байналмилалию иқтисодӣ, инчунин фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар буда, дар ин раванд ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори мамлакат ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ карда шуд.

 

Сайҳомид ШАРИПОВ,

омӯзгори  факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Декабрь 26, 2017 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ