Пешгирии боз як ҳолати интиқоли маводи тарфгарӣ дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 27.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, ҳангоми гирифтани маълумоти фаврӣ бо гумони интиқоли ғайриқонунии маводи тарфгарӣ, ронандаи мошини тамғаи «Ҷек»-и корхонаи «Азиан Экспресс», шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Я., соли таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дар назди бозори ҶДММ «Корвон»-и шаҳри Душанбе бо гумони интиқоли маводи тарфгарӣ боздошт карда шуд.
Тавре дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар натиҷаи азнаргузаронии бордони мошин 1 қуттии картонӣ, иборат аз 94 ададӣ, баробар ба миқдори умумии 22 ҳазору 167 капсулаҳои маводи гуногуни тафгарӣ дарёфт карда шуд, ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Н., соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе тааллуқ дорад.
Тибқи хулосаи коршиноси озмоишгоҳӣ, маводи тафгарӣ дар ҳолати коршоям қарор дорад.
Маводи санҷишӣ нисбат ба боздошти маводи тарфгарӣ ҷиҳати қабули қарори қонунӣ ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






