Президенти Тоҷикистон ба Академияи илмҳо ҷиҳати таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳо дастур доданд
ДУШАНБЕ, 22.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 декабри соли равон зимни пешниҳоди Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намоем.
Таъкид гардид, ки махсусан вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки тибқи маълумот, аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад.
Бо дарназардошти чунин вазъ, Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро бояд ҷиддӣ ба роҳ монад.
Ба таъкиди Сарвари давлат, муассисаҳои илмии Академияро зарур аст, ки таҳқиқотро доир ба гуногунии биологӣ, сарватҳои табииву зеризаминӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, корҳои бостоншиносӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик идома бахшанд.
«Дар шароити имрӯза, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодаанд, олимони кишварро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти рақобати илми ватанӣ корҳои таҳқиқотиву технологиро вусъат бахшанд»,- иброз намуданд Пешвои миллат.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






