Президенти Тоҷикистон ба Академияи илмҳо ҷиҳати таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳо дастур доданд

Декабрь 22, 2017 14:50

ДУШАНБЕ, 22.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 декабри соли равон зимни пешниҳоди  Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намоем.

Таъкид гардид, ки махсусан вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки тибқи маълумот, аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад.

Бо дарназардошти чунин вазъ, Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро бояд ҷиддӣ ба роҳ монад.

Ба таъкиди Сарвари давлат, муассисаҳои илмии Академияро зарур аст, ки таҳқиқотро доир ба гуногунии биологӣ, сарватҳои табииву зеризаминӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, корҳои бостоншиносӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик идома бахшанд.

«Дар шароити имрӯза, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодаанд, олимони кишварро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти рақобати илми ватанӣ корҳои таҳқиқотиву технологиро вусъат бахшанд»,- иброз намуданд Пешвои миллат.

Декабрь 22, 2017 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад