РӮ БА РӮ БО АВВАЛИН САРДИҲОИ СОЛ: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво нисбатан хунук мешавад
ДУШАНБЕ, 4.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки даҳаи аввали моҳи декабр, яъне аз 2 то 6 декабр ҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва бебориш пешбинӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук, дар шарқи ин вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Имрӯз, 4 декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва боридани барфу борон дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносони кишвар иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва боридани борону барф дар назар дошта шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва боридани борону барф дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамзамон ҳавои абрнок ва боридани борону барф дар вилояти Хатлон ҳам пешгӯӣ мешавад. Вазиши шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1 -6 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва дар барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






