Раёсат дар Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои СҲШ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид

Декабрь 4, 2017 16:17

ДУШАНБЕ, 4.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабри соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҷаласаи 16-уми Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд.

Қабл аз оғози ҷаласаи 16-уми Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев роҳбарони ҳайатҳоро ба ҳузур пазируфт.

Нахуст ҷиҳати баррасии як қатор масъалаҳо мизи мудаввар  баргузор шуд. Баъдан кори ҷаласаи 16-уми Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва нозирон оғоз гардида, баррасии масъалаҳои рўзномаи ҷаласа дар нишасти доираи васеъ идома ёфт.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти худ дар СҲШ афзалияти бештар дода, ба рушди муносибатҳои дўстона ва ҳамҷаворӣ бо давлатҳои аъзои ин созмони муътабари ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон чун аъзои фаъоли СҲШ ба рушди муносибатҳои байниҳукуматии кишварҳои аъзо ва нозир дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноат, энергетика ва сармоягузорӣ  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз татбиқи якҷояи лоиҳаҳои бузурги минтақавии сохтмони роҳҳои оҳану неруи барқ  ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамояд.

Ҳайатҳо нақшаю ҳадафҳои муштарак, ки дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои аъзову нозирро фаро мегиранд, натиҷагирӣ намуданд.

Сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзо ва нозири Созмони Ҳамкории Шанхай зимни нишасти навбатии худ ҳамчунин масоили марбут ба ҳамдастии муштарак дар мубориза ба зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагию ҳавасмандии кишварҳои худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар ин самт таъкид намуданд.

Кори ҷаласаи навбатӣ дар доираи ҳайати васеи кишварҳои аъзо, нозир, мушоҳид ва меҳмон натиҷагирӣ карда шуда, раёсат дар Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Ҳамчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи корӣ Эъломияи муштараки роҳбарони ҳайатҳо ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд, ки ин барои боз ҳам беҳтар гардидани муносиботи кишварҳои аъзову нозир заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Дар доираи ҷаласаи 16-уми Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Раиси Шўрои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кэтсян, Котиби комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва ҳавзаи Уқиёнуси Ором хонум Шамшод Ахтар ва Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло мулоқотҳо намуд.

Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ,  аз қабили тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, саёҳӣ, ҳамлу нақл ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Декабрь 4, 2017 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид