Сатҳи нашъамандӣ ҳарчанд дар Тоҷикистон тамоюли пастравӣ дорад, вале нигаронкунанда боқӣ мемонад

Декабрь 20, 2017 11:52

ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи нашъамандӣ ҳарчанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли пастравӣ дорад, вале нигаронкунанда боқӣ мемонад. Мутаассифона, сол  ба сол парвариши маводи нашъа дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зиёд мешавад, ки ин, албатта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бетаъсир намемонад.  Бино ба маълумоти баъзе аз сарчашмаҳо, имсол кишти он дар қаламрави Афғонистон зиёд гардида, истеҳсолаш ба 9 ҳазор тонна расидааст. Ин нуктаро директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор, ки дирӯз таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид, таъкид намуд.

Дар кори ҷаласа муовинони раиси Шӯро ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯро аз ҳисоби роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав ва Рӯдакӣ иштирок намуданд.

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ барои солҳои 2013-2017»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Муовини сардори ситоди Агентӣ ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои санҷиши фаъолияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар самти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» маълумот дод.
Ҳамчунин аз ҷониби директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М. Ғуломов» М. Малахов оид ба ҷамъбасти татбиқи «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ барои солҳои 2013-2017» ба иштирокчиёни ҷаласа маълумот пешниҳод гардид.

Сипас, ҳисоботи раисони шӯроҳои ҳамоҳангсозии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав оид ба татбиқи ҷараёни Стратегия ва Барнома, инчунин бартараф кардани камбудиҳо ва норасоиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта шунида шуд.
Ҳамзамон Нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор барои соли 2018 баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Дар хотимаи ҷаласа пешниҳодҳо ва тавсияҳои иштироккунандагон оид ба татбиқи минбаъдаи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва қабули Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои соли 2018 баррасӣ ва қабул гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд,  15 декабри соли равон хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷоб» амалиёти муштарак гузаронида, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешгирӣ намуданд. Ин амалиёт яке аз садҳо амалиёти пешгирикунандаи мақомоти дахлдори кишвар аст, ки дар натиҷаи он зиёда аз 17 кг маводи сахттаъсири героин, 11 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш ва  10 кг афюн мусодира шуд. Ҳарчанд мақомоти қудратӣ ва ҳуқуқи кишвар дар марзи Тоҷикистон ҳамарӯза бар зидди қочоқи маводи мухаддир муборизаи беамон мебаранд, вале қочоқбарони номаълуми афғон таслим нашуда, роҳҳои нави интиқоли ин маводи марговарро ҷуста, онро ба қаламрави кишвар интиқол медиҳанд.

 

Декабрь 20, 2017 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад