Ширин Амонзода: «Боҷи гумрукӣ барои вуруди мошинҳои нави сабукраве, ки ба сайёҳон хизмат мерасонанд, 50 фоиз поён бурда мешавад»

Декабрь 20, 2017 15:58

ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  19 декабри соли равон дар ноҳияи Файзобод семинари омӯзишӣ ва курси такмили ихтисоси кормандони соҳаи сайёҳӣ ва  роҳбаладон барои  ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда доир гардид.

«Моҳи майи соли равон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори алоҳида бо номи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Кумитаи рушди сайёҳӣ барои амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ таъсис ёфта, мақсади асосии он фароҳам овардани шароити мусоид  барои татбиқи  фаъолият дар бахши сайёҳӣ, баланд бардоштани  рақобатпазирии бозори сайёҳии кишвар  дар минтақа ва ҳам дар ҷаҳон мебошад»,- гуфт муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода.

Ба иттилои Ширин Амонзода, ҳарчанд ки Кумитаи рушди сайёҳӣ ниҳоди навтаъсис аст, вале сиёсати давлатӣ дар татбиқи  меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти ҷумҳурӣ амалӣ мегардад.

Соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун  узви комилҳуқуқ ба Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шуд, ки дар он 158 давлат ва 509 ташкилотҳои муассисаҳои узви вобастаи он фаъолият доранд.

Бояд гуфт, ки дар баробари таъсиси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади  пешбурди ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии арзанда имконият ва имтиёзҳо дода шуданд. Инчунин барои татбиқи  пешниҳодҳои Сарвари давлат ба қонунҳои амалкунанда тағйирот  ворид шуда, дастгириҳои давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ дар доираҳои барномаҳои амалкунандаи рушди соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2015-2017 ва лоиҳаи ин барнома барои солҳои 2018-2020 таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Ба иттилои муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  нафароне, ки мехоҳанд  барои боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳони  дохилӣ ва  хориҷӣ ба кишвар мошинҳои нави сабукрав ворид кунанд, барои онҳо ба андозаи  50 фоиз меъёри боҷи гумрукӣ  поён бурда мешавад.

 

Декабрь 20, 2017 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд