СИРКИ ӮЗБЕКИСТОН БА ДУШАНБЕ МЕОЯД! Ҳайати сирки кишвари ҳамсоя бо худ ҳайвонҳои гуногуни ромшударо меорад

Декабрь 27, 2017 17:22

ДУШАНБЕ, 27.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони Сирки Ӯзбекистон бо сафари ҳунарӣ ба Душанбе меоянд. Ҳайати Сирки Тошканд бо худ ҳайвонҳои гуногуни ромшуда маймунҳо, сагҳо, ламаҳо ва аспчаҳоро (понҳо) меорад. Ҳайат аз 15 нафар иборат буда, бояд имрӯз ба пойтахти Тоҷикистон ворид шавад. Дар ин бора «АП» бо истинод ба Сирки давлатии Душанбе хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, намоиши нахустини ҳунармандони Сирки Тошканд санаи 31 декабр (соати 14:00) дар толори Сирки давлатии Душанбе баргузор мешавад. Меҳмонон танҳо дар пойтахти Тоҷикистон ҳунарнамойӣ мекунанд. Сафари ҳунарии сирки Ӯзбекистон муддати як моҳ ба нақша гирифта шуда, арзиши билет аз 30 то 80 сомонӣ мебошад. Барои кӯдакони синни то 3-сола тамошои барнома бепул аст.

Сафари ҳунарии сирки Тошканд дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат мегирад.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба телефони 937441111 муроҷиат намоед.

Декабрь 27, 2017 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад