Таҳлили илмии масъалаҳои мубрами ҳисобдорӣ, таҳлил, аудит ва омор дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат

Декабрь 26, 2017 10:07

ДУШАНБЕ, 26.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаҳои мубрами ҳисобдорӣ, таҳлил, аудит ва омор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -таҳти чунин унвон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, муовини ректор оид ба илми донишкада Фирӯз Қодиров иброз дошт, ки «конференсияи мазкур қадами нахустинест барои амалигардонии дастурҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки масъалаҳои асосии он ба рушди иқтисоди миллӣ бахшида шуда, дар он ба ташкили фаъолияти самаранок дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таъкидҳо пешниҳод гардид. Дар баробари ин чанд сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути такмили низоми молияи давлатӣ аз низоми классикии баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва омор ба низоми муосир мегузарад, ки дар он истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад. Низоми баҳисобгирӣ, таҳлил, аудит ва омор аз низомҳое ба шумор меравад, ки дар ташкили самараноки рушди иқтисодиёти миллӣ вобастагии амиқ дорад».

Рустам Қудратов, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар мавзӯи «Таҳлили сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат» маърӯза намуда, гуфт, ки «сарфи назар аз омилҳои манфии таъсиррасон соли 2017 рушди воқеии иқтисодиёт дар натиҷаи афзоиши истеҳсолоти саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории давлатӣ нисбатан устувор буд. Дар давраи кӯтоҳмуҳлат таваррум дар натиҷаи таъсири таконҳои берунӣ ва дохилӣ метавонад аз доираи нишондиҳандаи мақсадноки муайяншуда каму зиёд шавад. Ба ин тамоил омилҳои мухталиф, ба монанди эҳтимоли пайдошавии хавфҳо, тағйирёбии нархҳои ҷаҳонии сӯзишворӣ ва хӯрокворӣ, таварруми воридотӣ аз кишварҳои шарикони асосии савдо метавонад таъсир расонанд».

Собир Вазиров, сардори шуъбаи маъмурикунонии андози раёсати такмили қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаммоҳои баҳисобгирӣ ва омори Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба воридоти мол ва таҳвили минбаъдаи он» маърӯза намуда, мушкилоти асосиро дар ин самт низоми шаффофияти воридшавии мол ва омори он донист. Мавсуф дуруст муайян кардани арзиши гумрукиро барои муайян кардани омори дақиқ мусоидаткунанда номид ва ба ҳам пайваст кардани низоми воридотӣ ва низоми андозбандиро танзимкунандаи баҳисобгирӣ арзёбӣ кард.

Ҳамчунин дар конфронс масъалаҳои зерин, ба мисли назария, методология ва амалияи баҳисобгирӣ, таҳлил ва аудит дар шароити иқтисоди бозорӣ, татбиқи принсипҳои ташкилии амалии меъёрҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар соҳаи иқтисодиёти миллӣ, ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами баҳисобгирии муҳосибӣ ва идоравӣ, хусусиятҳои таҳлили ҳисоботи молиявӣ дар муассисаҳои буҷетӣ, ташаккули самтҳои асосии рушди омори муосир дар шароити Тоҷикистон, омори минтақавии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммоҳо ва ояндаи рушд, бозори иттилоотии минтақа: муаммоҳои ташаккули маълумоти оморӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтанд.

Декабрь 26, 2017 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад