«ТОҶИКИСТОН–ҶАҲОНИ САЁҲАТ». Намоишгоҳи сайёҳӣ ва маҳсулоти савғотии ҳунармандон–муаррификунандаи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон

Декабрь 21, 2017 17:09

ДУШАНБЕ, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Бо  ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз  дар бинои Галереяи санъати муосири Тоҷикистон, воқеъ дар Маркази савдои «Душанбе мол» Намоишгоҳи сайёҳӣ ва маҳсулоти савғотии ҳунармандон таҳти унвони «Тоҷикистон – ҷаҳони саёҳат» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоишгоҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо,  ширкатҳои сайёҳӣ ва коршиносони соҳа иштирок  намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти савғотии ҳунармандон ва маҳсули ҳунарҳои миллии  дастӣ  ба намоиш гузошта шуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, барои ворид шудани ин соҳа ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шуданд. Масъалаи   эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мавриди таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.  Аз ҷумла, бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, нафароне, ки дар деҳотҷойҳо ба фурӯши маҳсулоти пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ, абрешимӣ, гулдӯзиву зардӯзӣ, ки дар маҷмӯъ харидорони зиёд доранд, машғул мегарданд, аз пардохти андоз озод карда шудаанд.

Ҳамзамон тибқи ин қарор шаҳрвандоне, ки дар деҳотҷойҳо курсҳои омўзиши ҳунарҳои миллӣ, аз қабили дўзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ ва наққоширо ташкил намудаанд, андоз намесупоранд.

Ба иттилои манбаъ, намоишгоҳи сайёҳӣ ва маҳсулоти савғотии ҳунармандон таҳти унвони «Тоҷикистон – ҷаҳони саёҳат»  3 рӯз идома ёфта, 23 декабри соли равон ба ғолибони озмунҳои «Маҳсулот ва савғотии беҳтарин барои сайёҳон», мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистон- минтақаи ҷолиби сайёҳӣ», «Таҳияи бизнес-нақшаҳои соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ» ва «Ширкати беҳтарини сайёҳӣ» туҳфаҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.

Мақсади баргузории намоишгоҳ муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, хатсайрҳои сайёҳӣ, намуди хизматрасониҳо ва мавзеъҳои тамошобоби ҷумҳурӣ  ба ҳисоб меравад.

 

Декабрь 21, 2017 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад