ҚУЛЛАИ ШАРАФ: дастаи футболи «Истиқлол», ширкати «Tcell», ҶСП «Спитамен Бонк», ТАҚХ «Имон Интернешнл», бонки «Эсхата», кошонаи «Everest» ва дигарҳо бренди соли 2017 пазируфта шуданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. 13 декабри соли 2017 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2017» таҳти унвони «Қуллаи шараф» баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва доираи васеи бахши хусусӣ ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маросим Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода иброз дошт, ки озмуни мазкур имсол бо мақсади ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодаи брендинг гузаронида шуд.
Ба гуфтаи вазир, пешбурди бренд имконият медиҳад, ки ширкатҳо фаъолияти тиҷоратии худро боз ҳам равнақ диҳанд ва тавассути рақобатпазир намудани молу маҳсулоти истеҳсолкардаи хеш дар рушди иқтисоди кишвар ҳиссагузор бошанд.
Дар маҷмӯъ, барои иштирок дар номгӯҳои (номинатсияҳои) гуногуни озмун аз ширкату брендҳои бонуфузтарин то маъруфият пайдокунанда 68 дархост пешниҳод гардид.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки соли равон даҳсолагиашро таҷлил кард, сазовори ҷоизаи тиллоии «Бренди сол» аз рӯи номгӯи «Варзиш, зебоӣ ва саломатӣ» гардид.
Ҷоизаи тиллоии номгӯи «Фаъолияти бонкӣ»-ро ҶСП «Спитамен Бонк» сазовор шуд.
ТАҚХ «Имон Интернешнл» маротибаи дуюм аз рӯи номгӯи «Хизматрасонии молӣ» соҳиби медали тилло гардид.
Эътирофи олии озмунро аз рӯи номгӯи «Мол ва хизматрасониҳои технологияи муосир (компютерҳо, барномаҳои компютерӣ, хидматҳои алоқа ва телекоммуникатсионӣ)» ширкати «Tcell» сазовор шуд.
Бонки «Эсхата», ки бори нахуст дар ин сол дар озмуни «Бренди сол-2017» ширкат намуд, мукофоти бонуфузи озмунро мушарраф гардид.
Ширкати «Coca-Cola Nushokihoi Tojikiston» ҳамчун Бренди сол-2017 эътироф гардида, аз рӯи номгӯи «Маводи хӯрокӣ ва нӯшокиҳо» медали тилло ба даст овард.
Кошонаи «Everest» аз рӯи номгӯи «Хизматрасониҳо» мукофоти «Бренди сол – 2017»-ро сазовор шуд.
Барои иштироки фаъол 16 нафар соҳиби дипломҳо, 7 нафар — медалҳои биринҷӣ ва 10 нафар — медалҳои нуқра гардиданд. Илова бар ин, 30 нафар медалҳои тиллоии «Бренди сол – 2017» ва як нафар медали тиллоии Ташкилоти умумиҷаҳонии моликияти зеҳниро ба даст оварданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, намояндагони бахши давлатию хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол» таҳти унвони «Қуллаи шараф» аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.
Ҳадафҳои асосии озмун ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо ва ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодаи брендинг мебошанд.












Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






