ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 8.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Даст задан ба дуздиву ғоратгарӣ, авбошию қаллобӣ кирдори бади инсонӣ буда, оқибат шахсро паси панҷара бурда, аз озодӣ маҳрум месозад. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чунин кирдорҳои ношоями баъзе аз шаҳрвандон, ки дар натиҷаи чусту чолокии кормандони милитсия ба даст афтоданд, хабару гузоришҳоро дар сомонаи худ ҳамарӯза нашр мекунад. Инчунин сомонаи расмии ВКД аз беэҳтиётии баъзе аз ронандагон, ки боиси ҳалокати худу мусофирон мегарданд, ҳамарӯза иттилоъ медиҳад. Инак чанде аз ин хабарҳоро пешкаши хонандагони АМИТ «Ховар» мерасонем.
Ҳалокати мусофирон дар дохили нақби Шаҳристон
Ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Шамсималик Умаров, соли таваллудаш 1970, сокини деҳаи Путхини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҳудуди н.Айнӣ, дар дохили нақби Шаҳристон, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи «Дулан», таҳти идораи ронанда Давлат Хуҷанапасов, соли таваллудаш 1994, сокини ш.Кӯлоб, ки дар дохили нақби мазкур дар ҳолати корношоям қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони мошини тамғаи «Опел-Астра» Холбибӣ Латифова, соли таваллудаш 1949, нафақахӯр ва Бурҳон Муҳаммадиев, соли таваллудаш 1982, сокинони деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ, ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Ш.Умаров ва мусофирони дигараш Мавлон Муҳаммадиев, соли таваллудаш 1960 ва хурдсол- Меҳрнигори Мавлон, соли таваллудаш 2011, сокинони деҳаи Сангистони н.Айнӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Қаллобзанон дастгир гардиданд
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур зани 45-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2014, зани 40-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 8000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Бо ҳамин мазмун ба шуъбаи мазкур зани 39-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2014, зани дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 8000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 56-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 14 декабри соли 2010, зани 54-солаи сокини кӯчаи Испечаки пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5000 доллари амрикоӣ, бо пули миллӣ- 22 ҳазору 350 сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Занони гумонбар дар қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.
Марди мошиндузд ба даст афтод
Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум мошини шахсиаш- тамғаи «Опел Астра»-ро, ки дар назди идораи букмекерии «Рахш» беназорат меистод, рабурдаанд.
Бо доир намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 35-солаи сокини деҳаи Ҷонварсӯзи ҳамин ноҳияро бо иттиҳоми ғайриқонунӣ ронда бурдани воситаи нақлиёт дастгир намуданд.
Нисбат ба ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






