ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 14.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия ҷинояту кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок содир мешаванд, ки ин бевосита аз надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон аст. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон хабар медиҳад, ки чанде аз онро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мегардонем.
Дуздии ҷавоҳирот аз хонаи пиразани 79- сола
Ба ШВКД дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд пиразани 79-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки охирҳои моҳи ноябри соли равон шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз дохили ҷузвдонаш ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 20000 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Бӯстон, ки пеш бо моддаҳои 244 қисми 2 ва 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.
Дарёфт ва мусодираи «хлопушка»
Кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҷавонписари 20-сола, донишҷӯи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва ноболиғ, писабачаи 15-сола, хонандаи синфи 9-и яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахтро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 1040 адад маводи тарфгарии намуди «Хлопушка» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Гирифтани маблағ бо роҳи фиреб
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи сентябри соли 2016 марди 22-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 28 ҳазору 560 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, дар ин самт корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






