«ЗЕБОӢ – НАҶОТБАХШИ ҲАЁТ». Ба Соли ҷавонон бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 4.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Зебоӣ – наҷотбахши ҳаёт»- таҳти чунин унвон дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии «2700-солагии шаҳри Кӯлоб» намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки дар он зиёда аз 50 адад офаридаҳо ба намоиш гузошта шуданд. Бояд гуфт, ки намоиши мазкур ба ифтихори Соли ҷавонон ташкил карда шуд.
Дар намоиш мусаввараҳои рассомон, аз қабили манзараҳо, натюрмортҳо, композитсияҳои эҷодӣ, асарҳои графикӣ, корҳои ороишӣ– амалии устодони варзидаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Сабзалӣ Шарипов, Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Исуфҷон Сангов, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Акмал Миршакаров, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Мизроб Холов, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Зиёратшо Довудов, муовини раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Каримҷон Наҷмиддинов, рассом – кулолгар Бахтиёр Одинаев, рассом –мусаввир Наргис Ҳамидова, рассомони ҷавони умедбахш Беҳрӯз Забиров, Равшан Рӯзибоев, Эраҷ Олимов, Фируза Ҳамитова, Лайло Қурбонова, Меҳриддини Абдусаид ва Саодат Боронова, инчунин наққошиҳои (кундали) Маҳмадкарим Рақибов, асарҳои кандакории Саид Маҳмудов ва Азиз Гадоев, маҳсулоти заргарии усто Абдураҳмон Назирматов ба тамошобинон пешкаш шуданд. Дар баробари устодони варзида маҳсули дастони донишҷӯён, чун мусаввараҳо, кандакорӣ, наққошӣ, гобелен (бофандагӣ) ва лоиҳаҳои дизайнерӣ пешниҳод гардиданд.
Намоиши мазкур бо иштироки муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии «2700-солагии шаҳри Кӯлоб» баргузор гардид.
Рассоми халқии Тоҷикистон Исуфҷон Сангов ба Осорхонаи мазкур 8 асари санъати тасвирӣ ва китоби феҳристи корҳои эҷодии худро тақдим намуд.
Дар фарҷом барои меҳмонон намоиши тамсилаҳои либос, ки аз ҷониби донишҷӯёни ихтисоси «Дизайни костюм» тарҳрезӣ ва дӯхта шудаанд, пешниҳод гардид (мудири кафедра – тарроҳи шинохта Маргарита Сотникова).
Инчунин аъзои ҳайат ҳангоми бозгашт аз ёдгории таърихии асрҳои IX-XI Ҳулбук дидан карданд.
Мавриди зикр аст, ки намоиши мазкур то 9 декабр идома меёбад.
Дар зер гузориши мусаввари суратгири АМИТ «Ховар» Тоҳир Саидзодаро аз ин намоиш пешниҳод менамоем.




























Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад






