7 рӯзи «Ховар»
ДУШАНБЕ, 13.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли нави 2018 барои Тоҷикистон соли накӯ хоҳад буд, зеро аз нахустин рӯзҳои он дар фазои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатамон рӯйдодҳои муҳим ба амал омаданд.
Тавре иттилоъ дода будем, раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 1 январи соли 2018 ба Тоҷикистон гузашт ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январ роҳбарии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ-ро ба уҳда гирифтанд. 2 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33 қонунро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расониданд. Қонунҳои ба имзорасида ба ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, танзими бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.
1 январ дар рӯзи аввали Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати рушди саёҳати дохилӣ ва шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар кӯҳҳои ноҳияи Варзоб ҳамоиши кӯҳнавардӣ ва боздид аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе баргузор карда шуд. 4 январ Вазорати нақлиёт иттилоъ дод, ки дар ояндаи наздик байни шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанду Бухоро хатсайри нави ҳавоӣ ба роҳ монда мешавад. 5 январ раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дод, ки барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар рӯ ба рӯи шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар масоҳати зиёда аз 13 гектар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» таъсис дода шуд, ки дар он 21 суҳбатгоҳ, 2 қаҳвахона, майдони варзишӣ ва картодром бунёд карда мешаванд. 5 январ Вазорати фарҳанг иттилоъ дод, ки бо ҳамкории Маркази мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP) китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» таҳия ва ба нашр расид. Китоби мазкур барои ҳифзу густариш ва муаррифии мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон равона шудааст. Ин муҳимтарин хабарҳое буданд, ки дар ҳафтаи аввали соли нав рӯй доданд.
Дар ҳафтаи сипаришуда рӯйдодҳои зерин ба амал омаданд:
8 январ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рафтанд. Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон то 17 январи соли 2018 идома меёбад.
9 январ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2017»-ро муайян ва бо диплом қадрдонӣ кард. Раҳмат Назрӣ бо китоби «Замзама», Муҳаммад Ғоиб бо китоби «Сесаду шасту шаш ғазал», Сайдалӣ Маъмур бо китоби «Борони сабз», Ато Мирхоҷа бо китоби «Андозчини рӯзадор», Маҳмадризо Тоҳирӣ бо китоби «Даъват», Абдуғаффор Абдуҷаббор бо китоби «Зоопарк», Нарзулло Тиллозода бо китоби «Турнаҳо», Муслиҳиддин Маҳмадалӣ бо китоби «Пайроҳаи мурод», Рабоат Худойдодова бо китоби «Чашмаи дил», Гулчеҳра Муҳаммадиева бо китоби «Афсонаи товус», Рустам Ваҳҳобзода бо китоби «Шеър ва дониш» ва Қурбон Восеъ бо китоби «Маромгӯйи Ваҳдат ва Истиқлолият» ғолиби озмун дониста шуданд.
9 январ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо роҳбарияти Раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Қатар ва Мудири иҷроияи ширкати энергетикии «Небрас» Холид Муҳаммад Ҷулу мулоқот кард. Ҷонибҳо доир ба муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими онҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва ғайра табодули афкор намуданд.
9 январ Бонки миллӣ ҷиҳати иҷрои супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд, ба Дастурамал «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ» тағйирот ворид намуда, ҳадди ақалли сармояи оинномавиро барои бонкҳои навтаъсис 50 миллион сомонӣ муқаррар намуд.
10 январ Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонро муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
10 январ мулоқоти гурӯҳи корӣ дар доираи ҷаласаи муштараки Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов идома ёфтанд.
10 январ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, натиҷаҳои кори онҳо омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дӯстонаю самимии ду ҳамсоядавлат мегарданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон дар масъалаи истифодаи баманфиати захираҳои обу энергетикӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ вобаста ба ин масъалаи муҳим барои давлатҳои минтақа мушкилот эҷод накардааст ва пайваста хостори ҳамгироии бештари давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар соҳаи обу экология мебошад.
10 январ Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Душанбе аз Маҷмааи «Кохи Наврӯз» дидан кард. Абдулло Орипов ба тарҳи бино ва ороиши он бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ва ҳунару маҳорати баланди кандакории мардуми тоҷик баҳои баланд дод. Кандакориҳо дар чӯб, мусаввараҳо, қандилҳои зебову диққатҷалбкунанда ва дигар шоҳкориҳои меъморӣ, ки таърих, урфу одат, расму оин ва маданияту фарҳанги волои миллати тамаддунофари тоҷикро ифода мекунанд, диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
11 январ олими ҷавони тоҷик Халил Каримов сазовори Ҷоизаи ба номи Питер Капстик гардид. Х.Каримов нахустин намояндаи давлатҳои ИДМ аст, ки соли 2018 Ҷоизаи бонуфузи мероси шикорчиён ба номи Питер Капстикро сазовор гардид. Маросими супоридани ҷоизаи мазкур 6 январи соли равон дар шаҳри Далласи иёлати Техаси ИМА дар Анҷумани солонаи шикорчиён ва ҳифзи табиат баргузор гардид. Ин ҷоиза ҳар сол ба олимоне дода мешавад, ки дар ҳифзи олами ҳайвонот саҳми намоён гузоштаанд.
11 январ дар назди Кумитаи рушди сайёҳӣ нахустин «Маркази иттилоотии сайёҳӣ» ифтитоҳ ёфт. Маркази мазкур бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ, аз қабили телевизорҳои плазмавӣ, планшетҳо ва ноутбукҳо таҷҳизонида шуда, дорои маводи иттилоотии сайёҳӣ ва армуғонҳо барои сайёҳон мебошад. Дар Марказ планшетҳо ба шабакаи интернет пайваст буда, фарогири тамоми иттилооти зарурӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу табобатгоҳҳо мебошад ва ба меҳмонон сари вақт маълумоти саҳеҳ пешниҳод менамояд.
12 январ тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 08:40 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бар асари заминҷунбӣ талафоти ҷониву молӣ ба қайд гирифта нашудааст.
12 январ Ширкати миллии «Тоҷик Эйр» иттилоъ дод, ки аз 16 феврал шумораи парвозҳо ба самти Душанбе – Деҳлӣ– Душанбе зиёд карда мешаванд. Акнун мусофирон метавонанд дар як ҳафта ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ба Ҳиндустон сафар намоянд.
12 январ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба шуъбаву стансияҳои ёрии таъҷилию тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дастрас карда шуд.
Таҳияи Акрам САНГЗОДА