Ҳайати доварон аз Тоҷикистон дар бозии Ҷоми КФО-2018 ҳакамӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 15.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати доварон аз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё /КФО/ аввалин таъйиноти худро дар соли равон ба даст овард. Ҳайат таҳти роҳбарии довари 32-солаи ФИФА Насрулло Кабиров дар бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 оид ба футбол ҳакамӣ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода мешавад, доварони тоҷик бозии даври сеюми гурӯҳи «А» миёни ғолиби ҷуфти плей-офф «Ҳилол Ал-Қудс» (Фаластин) – «Ал-Сувайк» (Уммон) ва «Ал-Ҷазира»-и Урдунро ҳакамӣ хоҳанд кард. Вохӯрии мазкур 5 март дар Фаластин ё Уммон баргузор хоҳад шуд.
«Дар канораҳои майдон ба Н. Кабиров ёрдамчиёни довари ФИФА – Акмал Буриеви 32-сола ва Хусрав Сиддиқзоди 26-сола кумак мекунанд. Довари эҳтиётӣ довари 27-солаи ФИФА Гулмуроди Саъдулло интихоб шудааст. Инчунин нозир Волтер Эдвард Перейра аз Ҳиндустон ва комиссари бозӣ Чуанг Чин-Фан аз Тайбейи Чин таъйин шудаанд», — омадааст дар иттилоияи ФФТ.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






