Ҳамоиш бахшида ба 25-солагии барпо кардани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Январь 13, 2018 09:34

ДУШАНБЕ, 13.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 12 январи соли 2018 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар бинои Академияи миллии илмҳои Қирғизистон бахшида ба 25-солагии барпо кардани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони “Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ростои ҳамсоягии нек” ҳамоиш ташкил карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш бахшида ба ин санаи муҳим намояндагони Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазорати корҳои хориҷии ҶҚ, олимон, фаъолони ҷамъиятӣ ва аъзои ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ иштирок варзиданд.

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Суҳроб Олимзода зикр намуд, ки муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстона бо Қирғизистон, ки решаҳои таърихии чандинасра доранд, ҳама вақт яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.

Инчунин дар ҳамоиш меҳмонони ҳузурдошта аз Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазорати корҳои хориҷии ин давлат, олимон ва фаъолони ҷамъиятӣ дар робита ба мавзӯъ сухан карданд.

Январь 13, 2018 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд