Азим Турсунзода: «Фаъолияти мавсимии гузаргоҳи сарҳадии Чин ва Тоҷикистон яке аз омилҳои кам гардидани ҳаҷми воридоти мол ба ҷумҳурист»
ДУШАНБЕ, 26.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии ин ниҳод доир гардид. Дар нишаст муовини сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Азим Турсунзода, сардорони раёсату шуъбаҳои Хадамоти гумрук ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Муовини сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода дар мавриди кам шудани ҳаҷми воридоти мол ба ҷумҳурӣ зикр намуд, ки «бино ба роҳ мондани истеҳсолот дар дохили ҷумҳурӣ, талабот ба воридоти чунин намуди молҳо аз хориҷи мамлакат кам гардидааст. Ин ҳолат аз нигоҳи иқтисодӣ мусбат арзёбӣ шуда, заминагузори раванди устувори иқтисодӣ, аз қабили нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, содир нашудани асъори хориҷӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, муҳайё намудани ҷойҳои кори иловагӣ ва аз байн бурдани рақобати носолим маҳсуб меёбад».
Зикр шуд, ки дар натиҷаи устувор боқӣ мондани қурби асъори миллӣ нисбат ба қурби миёнаи солонаи доллари амрикоӣ, ки ба нақша гирифта шуда буд, ба ҳисоби миёна зиёда аз 331, 8 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет ворид нагардиданд.
Азим Турсунзода ҳамчунин иброз намуд, ки яке аз омилҳои кам гардидани ҳаҷми воридоти мол ба ҷумҳурӣ фаъолияти мавсимии гузаргоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фасли зимистон мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






