«Чилдухтарон» сайёҳонро ба ваҷд меорад

Январь 27, 2018 11:17

МУЪМИНОБОД, 27.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Бо дастгирӣ аз ин пешниҳод сокинон ва масъулин дар тамоми шаҳру ноҳияҳо барои муҳайё намудани шароити рушди соҳа камари ҳиммат бастаанд.

Дар ноҳияи Муъминобод мавзеъҳои таърихӣ хеле зиёд буда, яке аз онҳо мавзеи «Чилдухтарон» мебошад, ки оид ба он дар  сарчашмаҳои таърихӣ маълумот мавҷуд аст. Сол то сол рафту омади сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин мавзеъ афзоиш меёбад. Сайёҳоне, ки ҳамасола аз ин мавзеъ дидан мекунанд, аз табиати дилфиреб ва ҳунармандии сокинони ноҳия завқ мебаранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорон барои муҳайё намудани шароит баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ роҳро то мавзеи Чилдухтарон сангфарш карда, дар ин ҷо пул бунёд намудааст.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Муъминобод давоми асрҳо ҳунарҳои мардумӣ ташаккул ёфта, аз насл ба насл гузаштаанд. Ҳамин аст, ки бо фароҳам гардидани шароит дар ноҳия хатсайрҳо муайян гардида, барои сайёҳон дӯконҳои фурӯши армуғон ва меҳмонхонаҳо сохта мешаванд. Ин иқдом, бешак, барои афзоиш ёфтани шумораи сайёҳон мусоидат хоҳад кард.

Январь 27, 2018 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад