Дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи сурхи ноҳияи Рашт муассисаи таълимии замонавӣ ба истифода дода шуд
РАШТ, 17.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Кадараи Ҷамоати деҳоти Қалъаи сурхи ноҳияи Рашт барои 250 нафар хонанда дар як баст бо масоҳати умумии 843 метри мураббаъ муассисаи таълимии замонавӣ ба истифода дода шуд.
Тавре аз шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои сохтану таҷҳизонидани ин муассисаи таълимӣ аз ҳисоби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Бонки Рушди Германия (KFW) 2 млн 754 ҳазору 417 сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолии деҳот 132 ҳазору 652 сомонӣ масраф шудааст.
Муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои синфхона, кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо, утоқи созмони талабагон, толори варзиш, китобхона, ошхона, ҳуҷраи тиббӣ ва майдони варзишӣ мебошад.








Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






