Дар Новокузнетск ба ифтихори Cоли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гӯшаи «Фарҳанги миллии тоҷикон» ташкил карданд
НОВОКУЗНЕТСК, 13.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Cоли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин пешниҳодро нахустин шуда, дар минтақаи Сибири Федератсияи Россия Ҷамъияти минтақавии «Дӯстии тоҷику рус»-и шаҳри Новокузнетск, ки ба он ҷавонмардони ватандӯст Шавкатҷон Тоҳиров ва Раҳмоналӣ Одинаев сарварӣ мекунанд, ҳамроҳ бо аъзои фаъоли ҷамъияти тоҷикон Амирҷон Ризоев, Имомиддин Сониев, Маҳмадкарим Абдураҳимов ва Дилшоди Рамазонӣ якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Бо ташаббуси ҷамъият дар толори васеи Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи В. Маяковскийи шаҳр гӯшаи «Фарҳанги миллии тоҷикон» таъсис дода шуд, ки ин бори дигар аз хештаншиносию ифтихормандии ҳамватанонамон дарак медиҳад. Либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, найқаламу воситаҳои нахустини навиштани хату китобҳои дар чарму пӯсти дарахт навишташуда, гаҳвораю танӯри нонпазӣ ва даҳҳо нигораҳои гӯшаи фарҳангиро аллакай садҳо бошандагони шаҳру вилояти Кемерово тамошо карда, бори дигар дар бораи тоҷикон- ин миллати ватандору ободгар ва дорои адабиёти қадимибуда маълумот пайдо намуданд.
Тавре зимни суҳбат бо мо Шавкатҷон Тоҳиров иброз дошт, «маҳз тавассути муаррифии фарҳангу осори адибонамон мо метавонем миёни дигар миллатҳо мавқеъ пайдо кунем. «Фарҳанг ҳастии миллат аст» — ин гуфтаи Пешвои миллатро мо дар ҳама вохӯриҳо ба ҳамватанонамон таъкид карда, кӯшиш мекунем тавассути ифтитоҳи чунин осорхонаву барномаҳои миллӣ дар замири насли ҷавон ва кулли ҳамватаноне, ки инҷо зиндагӣ мекунанд, муҳаббат ба ватани таърихиву суннатҳои аҷдодиро дар ҳамбастагӣ бо эҳтирому ҳифзи забону суннатҳои аҷдодӣ бедор намоем».
Садбарг БОҚИЕВА,
мухбири махсуси АМИТ «Ховар»
дар Новокузнетск, ФР








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд






