Дар пойтахт озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

Январь 16, 2018 09:23

ДУШАНБЕ, 16.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорони масъулиятшинос, фароҳам овардани шароит барои ба вуҷуд овардани ҳавасмандии онҳо ба беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ, ба вуҷуд овардани рақобатнокии бештар дар ин намуди бозори хизматрасонӣ, муаррифии фарҳангу арзишҳои миллии меҳмоннавозӣ ва инкишофи ҳунари пухтупази навъҳои гуногуни хӯрокҳои милливу ғайримиллӣ дар  пойтахт  озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.

Дар ин бора аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  даври якуми озмун 15 феврали соли 2018 бо инобати қадрдонӣ бо туҳфаҳои арзишманд ҷамъбаст гардида, рӯйхати ғолибон  барои оғози даври дуюм ба комиссияи шаҳрӣ пешниҳод  мегардад.

 

 

 

Январь 16, 2018 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд