Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Хуҷанд силсилабарномаҳои ҳунармандӣ баргузор мешаванд
ХУҶАНД, 26.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд намоиши ҳунарҳои дастии мардуми Хуҷандшаҳр баргузор гардид.
Дар намоиш маҳсули дасти ҳунармандони маркази вилоят, чун сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, рӯймолдӯзӣ, ҷомадӯзӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, кешбофӣ, ҳунари рассомон, сандуқсозон ва косибон пешниҳоди меҳмонону иштирокдорон гардонида шуд.
Ҳамзамон дар гӯшаи дигар маҳсули дасти пазандагони анвои қаннодии миллӣ – нишолло, набот ва дигар шириниҳо ҷой дода шуда, ҳар иштирокчӣ тавонист доир ба омода намудани ин шириниҳо маълумот пайдо намояд.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона аз намоиш ва растаҳои намоиши ҳунармандон дидан намуданд.
Шаҳрдори Хуҷанд таъкид дошт, ки дар такя ба иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ силсилабарномаҳои ҳунармандӣ доир намуда, ҳунарҳои асилу қадимии мардуми Хуҷандшаҳрро эҳё ва ташаккул диҳад. Дар робита ба ин соли равон маблағи гранти раиси шаҳр 120 ҳазор сомонӣ муайян гардидааст.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳр 5 маркази таълимии атласу адрасбофӣ амал намуда, давоми соли 2017 аз ҷониби адрасбофон 12 000 метр адрас истеҳсол гардидааст.













ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






