Дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ масоили ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангиро баррасӣ карданд

Январь 17, 2018 13:39

ДУШАНБЕ, 17.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. 16 январи соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи раёсати Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти ташкилот дар соли 2017 ва нақшаи фаъолияти он барои шашмоҳаи аввали соли 2018 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, соли 2017 фаъолони ташкилот сари роҳи вайронсозии ёдгории қадимии Муғтеппаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро гирифта, дар он ҷо кофтукови бостоншиносӣ гузарониданд ва 1316 тангаю дигар бозёфтҳо ба даст оварданд.

Гузашта аз ин, дар мавзеи ёдгориҳои қадимии Вашгирди ноҳияи Файзобод ва Чимқурғони ноҳияи Шаҳринав гӯронидани майитон ва ҳотакориҳоро боздоштанду мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо барои қабристону ҳотакории деҳқонон ҷойҳои дигар ҷудо карданд.

Бояд зикр кард, ки эҳё намудани филиалу намояндагиҳои ташкилот дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҷалби табақаҳои васеи аҳолӣ ҷиҳати ширкати фаъолона дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани фарҳанги аҳолӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба арзишҳои умумиинсонӣ ва дар байни аҳолӣ густариш додани донишҳо роҷеъ ба мероси таърихӣ – фарҳангии халқ, ташкил намудани назорати ҷамъиятӣ барои муайян намудани вазъу истифодаи ёдгориҳо ва дар омӯзиш, тармим ва аз вайроншавӣ нигоҳ доштани онҳо самтҳои асосии фаъолияти ташкилот мебошанд.

Пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати таблиғу ташвиқи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори умум ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳо мустаҳкам карда шаванд.

Дар ҷаласа ба муаллифони фаъоли маҷаллаи «Мероси ниёгон» туҳфаҳо супорида шуданд.

Январь 17, 2018 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон