Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» бо иштироки ҳунармандони давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Русия, Арманистон, Беларус, Муғулистон, Булғористон, Маҷористон, Ветнам, Чин ва Олмон Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар айни замон фестивал дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон идома дорад. Дар он ҳунармандони 12 давлати ҷаҳон бо барномаҳои ҷолиби сиркӣ ҳунари худро муаррифӣ менамоянд. Ҳадафи фестивал таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории фарҳангӣ байни давлатҳо тавассути санъати сирк мебошад. Он ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстӣ байни халқҳо мусоидат хоҳад кард.
Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бори нахуст аст, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Дар доираи нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» дар Сирки давлатии Тоҷикистон Осорхонаи сирк ифтитоҳ гардид. Осорхона таърихи рушди санъати сирк ва фаъолияти ҳунармандони ин муассисаро бозгӯйӣ намуда, ба ҳифзи мероси сиркӣ ва муаррифии дастовардҳои он мусоидат мекунад.
Дар доираи фестивал ҳамчунин бо иштироки ҳунармандони сирк ва намояндагони мактабҳои гуногуни сирки давлатҳои ҷаҳон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни он доир ба рушди ҳамкорӣ ва табодули таҷриба мубодилаи афкор карда шуд.
Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ ҳамарӯза соати 16:00 баргузор мегардад. Дар он ҳунармандони давлатҳои иштирокчӣ тибқи барномаи муайянгардида ҳунари сиркиро пешниҳод менамоянд. Дӯстдорони барномаҳои сиркӣ чиптаҳоро аз хазинаи Сирки давлатӣ дастрас карда метавонанд.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупорӣ ва шоу-барномаи нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк – пайвандгари қалбҳо» 20 сентябр доир мегардад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






