Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳайати Кумитаи кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини раиси кумита Ли Тсзинхэн Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуда, бо таърихи бисёрҳазорсола ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик шинос гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон итттилоъ медиҳад.
Ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни сайри осорхонавӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёд дар асоси ёдгориҳои нодири Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, ки дар аҳди бостон мардуми бумии Осиёи Миёна, ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён дар он нақши муассир доштанд, аз наздик шинос шуданд.
Пас аз боздид Ли Тсзинхэн аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушнудӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон навишт.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






