Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шоири халқии Тоҷикистон ва адиби соҳибистеъдод Доро Наҷот аз олам даргузашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Доро Наҷот бо қалами пурқудрат, андешаи баланд ва забони шоирона дар адабиёти муосири тоҷик мақоми хосса дошт. Аз шоир андешаҳои пурмаъно ва осори арзишманди адабӣ ба ёдгор мондаанд, ки ҳар кадом бозгӯи ҷаҳони маънавӣ, эҳсоси миллӣ ва муҳаббати беандоза ба забону фарҳанги тоҷикӣ мебошанд.
Фарҳангнигории Доро Наҷот низ дар рушди забону адабиёти тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Осори гаронбаҳои ӯ ҳамчун ҷузъи мероси адабии даврони муосир барои наслҳои имрӯз ва фардо хизмат хоҳад кард.
Доро Наҷот 4 майи соли 1946 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1978 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият») ба сифати хабарнигор ба кор шуруъ карда, то соли 1991 дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурдааст. Моҳи марти соли 1991 сардабири «Сомон» – ҳафтаномаи Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ таъйин шуда, баъдан то нафақа баромадан корманди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Доро Наҷот ба сифати яке аз муваффақтарин гӯяндагони «шеъри сафед» дар Тоҷикистон эътироф гардида, соли 2012 барои китоби ашъори «Меоям аз шигифт» сазовори мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.
Ашъори алоҳидаи ӯ ба забонҳои хориҷӣ тарҷума гардидаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






