Дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ масоили тавсеаи самтҳои фаъолият ва эҷоди асарҳои муосири миллӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шӯрои бадеии Вазорат ва Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи баланд, тавсеаи самтҳои фаъолият ва эҷоди асарҳои муосири миллӣ аз ҷониби композиторони тоҷик, ҳамаҷониба таблиғ намудани мусиқии касбии тоҷик ва классикони ҷаҳонӣ тавассути Оркестри созҳои миллӣ ва Оркестри симфонӣ, инчунин ҳавасманд гардонидани ҷавонони санъатдӯсту фарҳангпарвар баррасӣ гардиданд.
Зимнан, вобаста ба ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои байналмилалӣ оид ба проблемаҳои глобалии ҷаҳон, аз ҷумла, пазироии пешниҳоди Пешвои миллат ва қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баҳри тарғиби васеъ ва эҷоди асарҳо вобаста ба он дар ҳамкорӣ бо иттифоқҳои эҷодӣ вазифадор шуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин замина баҳри ташаккули низоми самарабахши ҳавасмандгардонии неруи эҷодӣ барои асарҳои баландмазмуни замонавӣ, ки ғояи асосии онро тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, анъанаҳои гаронарзиши миллӣ, ифтихор аз Тоҷикистон ва мероси пурғановати ниёгон бояд ташкил диҳад, инчунин баланд бардоштани сатҳи бадеии барномаҳои фарҳангӣ ва нақши аҳли эҷод дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа, оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ, ғанӣ гардонидани репертураи оркестрҳои симфонӣ, созҳои миллӣ ва нафасӣ, ансамблҳои камеравӣ, гурӯҳҳои ҳамсароён ва дигар ансамблҳои эҷодӣ-касбӣ аз ҷониби композиторон таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.








25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард






