ЭҲЁИ САДА. Бахшида ба иди аҷдодӣ дар Хуҷанд намоиши ниҳолҳо ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
ХУҶАНД, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази Суғд серодам буд. Зеро тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба иди аҷдодии Сада дар ин мавзеъ намоиш-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироати кишоварзӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар”, дар ярмарка хоҷагидорону кишоварзони 11 шаҳру навоҳии вилоят, коргоҳи бахши суғдии КВД “Навъҳои тухмии зироати Тоҷикистон”, филиали суғдии Институти боғпарвариву сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Муассисаи хоҷагии ҷангали вилоят, ки ба истеҳсоли ниҳол, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироати кишоварзӣ машғуланд, иштирок намуданд. Дар ин рӯз новобаста ба ҳавои сард, қариб 100 ҳазор ниҳоли ороишии ҳамешасабз, мевадиҳанда, сояафкан, гулу бутта ва тухмии зироат пешкаши харидорон гардонида шуда, инчунин нуқтаҳои маслиҳатдиҳии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба парвариши ниҳолҳо ва зироат ташкил карда шуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва меҳмон аз Ҷумҳурии Қирғизистон- намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абиш Холмирзоев аз раставу хаймаҳои ниҳолпарварони шаҳру ноҳияҳо ва ниҳолпарварони хоҷагии ҷангали ноҳияи Лайлак дидан намуда, аз ташкили чунин намоиши муфиди дорои гӯшаҳои маслиҳатдиҳӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамчунин дар паҳлуи дигари ин мавзеъ намоиши маҳсули дасти ҳунармандону намояндагони коргоҳҳои қаннодии маркази вилоят доир шуд, ки дар он пазандагони моҳир дар растаҳои худ намудҳои гуногуни нону кулча, чаппотиву қалама, самбӯсаву тушбера, шириниву хӯрокҳои миллиро ба маърази иштирокдорон гузошта буданд.
Сипас, дар қисми фарҳангӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баён дошт, ки “миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Боиси сарфарозист, ки маҳз бо ташаббусҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намудаанд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хосса мебошад. Ҷашни Сада марбут ба замони пеш аз ориёиҳо буда, он тибқи устураҳо, дар замони шоҳони асотирии пешдодиён, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола дорад, баргузор мешудааст.
Ҳамчунин намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абиш Холмирзоев аз меҳмоннавозии тоҷикон изҳори миннатдорӣ намуда, мардуми тоҷикро бо ин ҷашни ниёгон табрик намуда, гуфт, ки ду мардуми ҳамсоя- тоҷику қирғиз аз қадим муносибати дӯстиву рафоқат доштанд ва то имрӯз ин хислати нек миёни онҳо идома дорад.
Барномаи рангини фарҳангии санъаткорони маркази вилоят анҷомбахши намоиши идона гардид.










Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






