Маҳмадтоир Зокирзода бо Зойир Мирзоев дар Ашқобод мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 29 январи соли 2018 дар шаҳри Ашқобод мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Сарвазир, Вазири кишоварзӣ ва идоракунии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зойир Мирзоев баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан растанипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаҳои мазкур табодули афкор намуданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Ашқобод қарор дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






