МОРО МЕШИНОСАНД! Ранги либоси ҳоҷиёни тоҷик-рамзи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обии сайёра
ДУШАНБЕ, 22.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи мушаххас намудани муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, инчунин як силсила масоили марбут ба ҳаёти иҷтимоии мардумро мавриди муҳокима ва таҳлили амиқ қарор доданд. Яке аз падида ва муждаҳои хушоянд-ин Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 буд.
Тавре аз таъкиди Президенти мамлакат бармеояд, соли 2018 аз ду ҷиҳат дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол фаромӯшнопазир хоҳад буд. Аввалан, Тоҷикистон метавонад бо роҳи такмили зербинои сайёҳии худ ва бо ин роҳ таҳким бахшидани соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ба рушди мунтазами иқтисодӣ ноил гардад. Зеро дар тамоми дунё соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарин арзёбӣ мешавад. Гузашта аз ин, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ низ дорои ҷанбаҳои ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоию фарҳангист. Зеро инкишофу муаррифии намунаҳои барҷастаи ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик имкон фароҳам меорад, то давлати мо ба таври шоиста дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шавад ва ба ин восита сафи сайёҳони хориҷӣ низ ба ҷумҳуриамон афзун гардад.
Дуюм, оғози марҳилаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028, ки бо пешниҳоди бевоситаи Сарвари давлати мо аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид қабул гардид. Тавре Пешвои миллат дар Паём ишора намуданд:
“Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман оғоз мегардад”.
Пешвои миллат таъкид доштанд, ки вобаста ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 дар давлатҳои гуногуни олам, аз ҷумла, дар Тоҷикистон як силсила барномаҳои муҳими сатҳи баланд доир мегарданд.
Дарвоқеъ, ин ду падидаи масарратбахш – “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 агар аз як ҷониб боиси ифтихору сарфарозии мо бошанд, аз ҷониби дигар, аз мо тақозо мекунанд, ки бо таҳкиму муаррифии воқеии фарҳанги асили тоҷикӣ ва ҳунарҳои мардумии он чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат саҳмгузор буда, гузашта аз ин, ҳамчун сокинони арзандаи давлати ташаббускор дар ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об дар самти дастгирии сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат намунаи ибрат бошем.
Ҳар як сокини мамлакат бояд донад, ки соли 2018 ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон – ҳамчун давлати ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 таваҷҷуҳи бештар хоҳанд дошт. Далели ин гуфтаҳоро мо, кормандони соҳаи дин дар чанд мавсими гузаштаи ҳаҷ аллакай пайхас кардем. Масалан, дар мавсими ҳаҷи соли 2016 вақте ки гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик бо либосҳои хоси худ дар Маккаи мукаррама қарор доштанд, ба назар мерасид, ки ҳамагон ба ҳоҷиёни мо бо ҳавас менигаристанд. Як масъули идораи ҳаҷи кишвари Имороти Муттаҳидаи Араб ба назди мо омада, суол кард, ки оё интихоби чунин ранги либос (ҳоҷиёни мо одатан бо либоси ранги нилгуни обӣ ба ҳаҷ сафарбар мешаванд) нишонаи ташаббускор будани мамлакати шумо дар ҳалли мушкилоти обии сайёра аст? Мо бо ифтихори зиёд “бале” гуфтем.
Яъне қишрҳои гуногуни аҳолии сайёра аз ин ташаббусҳои инсонпарваронаи Тоҷикистон ва Сарвари он огоҳанд ва ин ҳама масъулияти моро афзунтар месозад, ки дар ҳар куҷое бошем, ҳаргиз фаромӯш накунем, ки мо пайваста зери таваҷҷуҳ қарор дорем ва моро мешиносанд!
Абдуғаффор ЮСУФОВ,
сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ
ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дини
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






