Муллозуҳур Тоҳирӣ: «Мо дар истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ ва дармони аҳолӣ бояд аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ васеъ истифода барем»

Январь 11, 2018 16:19

ДУШАНБЕ, 11.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи саломатии аҳолӣ,  коркарди гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи дорусозии   мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир  намуда, аз ҷумла, зикр карданд, ки «нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳол он ки дар ҷумҳурии мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд».

 Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо   директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Меҳри гиёҳ», доктори илми тиб Муллозуҳур Тоҳирӣ ҳамсуҳбат шуд. Мавсуф андешаҳояшро дар ин бора чунин изҳор кард:

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ  бобати ҳифзи саломатии мардум  ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ба масъулин супоришҳои қатъӣ доданд, ки  ин тадбирҳо   рушди соҳаи  мазкурро таъмин месозанд.

Таҷрибаи рӯзгор собит  кардааст, ки ҳифзи саломатӣ беҳтар аз муолиҷа  аст. Ҳар қадар маблағе, ки  сарф накунем, ҳар қадар  заҳмат ки накашем,  то  маърифати тиббии мардумро баланд  набардорем, ба муваффақият ноил намегардем. Масалан,  онҳое, ки  чунин маърифат доранд, ҳангоми харидани  дору аз фурӯшанда ҳатман сертификати сифати онро талаб менамоянд, муҳлати истифодаи онро  аз назар мегузаронанд,  ҳангоми дастрас намудани маҳсулоти хӯрокӣ  низ ҳатман  ҳамин қоидаро риоя мекунанд. Ҳамчунин   тарзи дурусти ҳаёт ва ғизои солимро интихоб  намуда, роҳҳои одитарин ва осони эмин мондан аз бемориҳоро медонанд.

Ҳар нафар ба саломатии худ бояд диққати ҷиддӣ диҳад, то беморӣ ба ҷисмаш роҳ наёбад. Инсонро на табиб, балки худаш табобат мекунад. Дар байни  мардум ақидае роиҷ аст, ки  10 фоизи саломатии аҳолӣ  аз фаъолияти хуби табибон, 40 % аз муҳити зист ва 50% аз худи одамон  вобаста аст, ки то чӣ андоза саломатиашонро ҳифз мекунанд.

Ҳар усули табобате, ки бидуни ташаккули рӯҳии инсон сурат мегирад, муваффақ намешавад. Тани дардманд  танҳо бо кӯшиши рӯҳи солим  метавонад шифои  комил  ёбад. Аз ҳар як беморӣ  бо  риояи  тартиб ва тарзи дурусти  нафаскашӣ, ҳаракат, ғизохӯрӣ, муносибати одилона бо  табиат ва оромиши рӯҳӣ метавон шифо ёфт.

Вақте табиб беморро табобат  менамояд,  ба ӯ  ёрии муваққатӣ   мерасонад.  Вақте мо ба мардум  чӣ тавр  солим буданро  меомӯзонем, пас   ба онҳо ба таври   ҳамешагӣ  кумак мерасонем, ки  тансиҳат бошанд.

Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, ки  вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар мақомоти дахлдор   ба ин масъала таваҷҷуҳи  махсус зоҳир намуда,  баҳри баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, ҳамчунин ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва  ҳифзи  саломатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, шурӯъ аз муассисаҳои томактабӣ   барномаҳои   омӯзиширо  ҷорӣ намоянд. Ин барои он аст, ки хонандагони мо аз хурдсолӣ доир ба  ҳифз кардани саломатӣ,  амалҳои одитарин, риояи гигиенаи шахсӣ то дигар масъалаҳои ба он марбут маълумот дошта бошанд.

Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, бо вуҷуди дар мамлакати мо рӯидани зиёда аз 3500 намуди гиёҳҳои дармонӣ ҷараёни коркард ва пешниҳоди онҳо ба мардум қонеъкунанда нест.

Аксари кишварҳои пешрафта гиёҳҳоро на танҳо барои омода кардани доруворӣ, балки барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни атторӣ, аз ҷумла, собун, атр, гулоб, хокаҳои гуногуни дандоншӯӣ ва ғайраҳо васеъ истифода мебаранд.

Аз таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар самти истифодаи гиёҳҳои шифобахш  бояд истифода кард. Бубинед, ки  аз гиёҳҳҳои шифобахш дар ин мамлакат ончунон истифода мебаранд, ки  ҳатто молу маҳсулот, аз ҷумла, гиёҳчойҳои чинӣ имрӯз дар Тоҷикистон мавриди истифодаи мардум қарор доранд.

Дар сарзамини хуршедии мо, ки    чунин гиёҳҳо фаровонанд,  мо бояд аз онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ ва  табобати аҳолӣ васеътар истифода барем. Бояд худамон  ин маҳсулотро истеҳсол кунем, ки он ба фаровониву арзонии ин маҳсулот дар бозор ва ҳам таъсиси садҳо ҷойи корӣ дар мамлакат  мусоидат мекунад. Бояд таъкид намоям, ки  дар ин раванд  соҳибкорон ба дастгирӣ ниёз доранд.

Масалан, пешниҳод менамоям, ки  гиёҳчойҳо на танҳо дар дорухонаҳо, балки дар тамоми мағозаҳо ба фурӯш бароварда шаванд.
Ин гиёҳчойҳо  зараровар набуда, баръакс манфиатбахшанду  нархи гарон низ надоранд.

Вақте маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳибкор ба фурӯш меравад, ин ба рушди минбаъдаи фаъолияти  ӯ ва ин соҳа мусоидат менамояд.   Тибқи иттилои олимони гиёҳшинос, дар Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор гиёҳи шифобахш мавҷуд аст, ки айни замон 40 — 50 намуди он барои истеҳсоли дору истифода мешавад. Ҳамин истифодаи маҳдуди гиёҳҳои шифобахш дар истеҳсолот аст, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон ва масъулони соҳаро ба эҳёи саноати дорусозӣ   ва истифодаи васеи гиёҳҳои шифобахши мамлакат   баҳри ҳифзи саломатии мардум ҳидоят намуданд.

Як масъалаи муҳими дигар дар  ин самт- ин   эҳтиром гузоштан ва тарғибу ташвиқи    маҳсулоти ватанӣ аст. Тавре мушоҳида менамоем,  аксари вақт табибон ба беморон доруҳои  хориҷии истеҳсоли Ҳиндустону Покистон, Россия ва Германияро тавсия медиҳанд. Чунин духтурон  аз ин нафъ мебинанд, яъне аз ширкатҳои дорурасон ҳақ мегиранд. Борҳо шудааст, ки  духтурон ба беморон ҳатман аз дорухонаҳои тавсиякардаашон харидани доруро таъкид мекунанд ва дар сурати наёфтани ин дору ба харидани ивазкунандаи он, ки аксаран арзонтаранд,  розӣ намешаванд.

Ба ғайр аз ин  табибон таъйиноти маводи дорувориро аксаран  дар варақаҳои ғайристандартии гуногун сабт мекунанд. Ҳол он ки шакли стандартии он дар ҳама муассисаҳои тандурустӣ вуҷуд дорад.

Дар дорухонаҳо ҳам чунин муносибат ба давоҳои истеҳсоли ватанӣ ба  мушоҳида мерасад. Доруфурӯшон ҳам дар аксари ҳолат дармонҳои истеҳсоли хориҷиро беҳтар аз маҳсулоти ватанӣ  муаррифӣ менамоянд ва ба фурӯши он ҳавасмандӣ доранд. Маълум аст, ки  онҳо ҳам аз фурӯши доруҳои ин ширкатҳо   манфиат  мебинанд. Дар бемористонҳо ҳам аҳвол қариб, ки   дар ҳамин ҳол қарор дорад.

Имрӯзҳо бештари мардум аз мавҷуд будани доруҳои ватанӣ огаҳӣ надоранд. Онҳо намедонанд, ки дар ҷумҳуриамон доруҳои табобатӣ истеҳсол карда мешаванд.
Ё донанд ҳам,   ба ин ақидаи нодурустанд, ки гӯё маводи дорувории хориҷӣ беҳтар аз истеҳсоли ватанист. Ҳол он ки сифати доруи ватанӣ нисбат ба маҳсулоти хориҷӣ аз ҳар ҷиҳат беҳтар аст. Баъзан арзиши аслии доруи истеҳсоли ватанӣ қиматтар меафтад ва он ба рақобати бозор тоб оварда наметавонад.

Бовариам комил  аст, ки баъди  сабукиҳое, ки бо супориши Президенти мамлакат  (хусусан ба ғайр аз сохторҳои махсус,  эълони моратория ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон давоми ду соли минбаъда) ба  соҳибкорони ин соҳа пешбинӣ гардидаанд, баъди ду –се соли фаъолияти пурсамари онҳо   маҳсулоти худӣ ҷойи дигар доруҳои воридотиро гирифта метавонанд.

Дар раванди табобат гиёҳдармонӣ  аҳамияти муҳим дорад. Тибби ниёгони мо таърихи чандинҳазорсола дорад, ки асосашро гиёҳдармонӣ ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти табибони халқӣ соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби халқӣ» қабул карда шуд. Маҳз ҳамин қонун ҳуқуқу ваколатҳои табибони мардумиро муайян сохтааст ва тарзу усулҳои ёрии давлатиро ба ин соҳа муқаррар кардааст.

Барои рушди тибби мардумӣ заминаи ҳуқуқӣ мавҷуд аст. Тавре мушоҳида менамоем, дар шафати ҳар як табобатхона  нуқтаҳои фурӯши гиёҳҳои фоидабахш ташкил карда шудаанд. Таваҷҷуҳи мардум ҳам сол то сол ба он меафзояд.

Аммо танҳо ин  амал басанда нест. Яке аз масъалаҳои  муҳими ин соҳа омода кардани мутахассисони соҳаи гиёҳдармонист. Имрӯз дар ҷумҳурӣ таъсис додани марказҳои омӯзиши гиёҳҳои шифобахш зарур аст. Дар ин марказҳо мутахассисони соҳа бояд гиёҳҳоро дуруст ҷамъоварӣ ва барои истифода тайёр намуда, дастраси аҳолӣ гардонанд. Дар ин ҳолат пеши роҳи фурӯшандаҳои бозор, ки тахассуси касбӣ надоранду ба фурӯши гиёҳҳо машғул мешаванд, гирифта  мешавад.

Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

 

Январь 11, 2018 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Корея дар самти омӯзиши канданиҳои фоиданок ҳамкорӣ менамоянд
Интернети 4G ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, панҷшанбе, 347-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд
21 декабр Анҷумани XIII навбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
Оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату якпорчагии миллат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ 764 қонуншиканӣ нисбат ба маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор карда шуд
Дар Бадахшон маросими ҷоизасупории соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва занбӯриасалпарварӣ баргузор шуд