Мушкилоти обёрии заминҳои ноҳияи Сангвор то ҳол боқӣ мондааст
САНГВОР, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Сангвор дар тавозуни худ 11 шабакаи обёрӣ дорад, ки 6 шабакаи он дар истифода буда, 5 адади дигараш корношоям мебошанд. “Сабаби таъмир нагардидани каналҳои номбурда набудани техника ва маблағҳои зарурӣ мебошад”,-мегӯянд масъулини ҳукумати ноҳияи Сангвор.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Сангвор соли 2017 дар барқарорсозии канал ва таъмири иншооти обгузар 14 ҳазору 371 сомонӣ масраф карда, аз 1944 га замини корами обӣ 500 га заминро бо оби полезӣ таъмин намудааст. Ҳаҷми обе, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ аз заминҳои шартномавии корхона истифода бурдаанд, 1,2 миллион метри мукаабро дар бар мегирад, ки арзиши он ба 18 ҳазору 794 сомонӣ баробар аст.
Маблағи пешакии истифодаи об соли 2017 дар ноҳия 26 ҳазору 695 сомонӣ пардохт шудааст. Аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири шабакаҳои обгузари ноҳия 228 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, маблағи мазкур барои таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обёрии Шакоб-Разак, Деҳаи Шоҳ, Хирз ва Лайрони поён масраф карда шуда, ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд.
Тибқи иттилои масъулини ноҳия, мушкилоти асосӣ дар ин самт паст будани ҳолати мелиоративии зиёда аз 400 га заминҳои корам ва азхудкунии заминҳои корам дар ҷамоатҳои Тавилдара, Чилдара, Сангвор мебошад, ки барои бартараф кардани он маблағҳои зиёд заруранд. Мутаассифона, то ба ҳол сарчашмаи маблағгузорӣ пайдо нагардидааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






