НАҚШИ КАЛИДИИ ИЛМ. «Тоҷикагролизинг» 18 нафар олимону ихтироъкорони ҷавонро қадрдонӣ намуд

Январь 3, 2018 09:37

ДУШАНБЕ, 03.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»   се нафарӣ олимон ва донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавони беҳтаринро аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Данғара барои корҳои илмии анҷомдода ва ихтироъоташон бо мукофотҳои пулӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонид.

Чанде пеш зимни маросими тантанавӣ бо иштироки муовинони Вазири маориф ва илм, Вазири кишоварзӣ ва комиссияи махсуси озмун 18 нафар олимону ихтироъкорони ҷавони ин муассисаҳои олӣ бо Сипоснома ва маблағи пулӣ барои ҳар нафар дар ҳаҷми 3000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аввали соли 2017 роҳбарияти КВДҶ «Тоҷикагролизинг» дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми соли 2017 ба хотири рушди илм ва иноватсия дар асри ХХI ва мустаҳкам намудани Пойгоҳи маркази дарёфти рушди истеъдод ва бюрои ихтироъкорӣ бо мақсади дарёфти минбаъдаи беҳтарин ҷавонони боистеъдод иброз дошта буданд, дар назди худ мақсад гузоштанд, ки ҷавонони боистеъдод ва ихтироъкорро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд.

Тавре директори корхонаи «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода иброз дошт, илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. “Хушбахтона, дар кишвар ихтироъкорӣ ва навоварӣ оғоз ёфта, дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ бозёфтҳо ба мушоҳида мерасанд. Давлату Ҳукумат ба масъалаи тарбияи муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва мо боварӣ дорем, ки ин муҳаққиқони ҷавон дар механиконии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми босазо мегузоранд”,-илова намуд Ю. Акрамзода.

КВДҶ «Тоҷикагролизинг» бевосита ба истеҳсолот машғул буда, яке аз самтҳои асосии фаъолияти он ворид намудани техника ва таҷҳизоти муосири кишоварзӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва марказҳои хизматрасонии техникии ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин замина дар марказҳои омӯзишӣ кадрҳои ҷавон тарзи дурусти идора ва истифодаи техника ва мошинолоти ҳозиразамонро меомӯзанд.

Бо ин мақсад «Тоҷикагролизинг»  омодагии худро нишон дода, олимони ҷавон, кадрҳои болаёқат ва ихтироъкорро дастгирӣ намуда, дар доираи имкониятҳои молиявӣ ба онҳо кумаки молиявӣ мерасонад.

Олимони ҷавон иброз доштанд, ки минбаъд ба кори ихтироъкорӣ бештар диққат дода, техника ва технологияи муосири кишоварзиро ихтироъ ва дастраси кишоварзон  мекунанд.

Роҳбарияи «Тоҷикагролизинг» ваъда дод, ки чунин озмунҳоро бештар намуда, омода аст экскаватору дигар таҷҳизоти истеҳсолнамудаи олимони ҷавони тоҷикро харидорӣ ва ба хоҷагиҳои деҳқонии кишвар пешниҳод намояд.

Январь 3, 2018 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад