ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 23.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-1 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 11-16 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софу беғубор дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 2-3 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво офтобӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво офтобӣ шуда, ҳарорат шабона 1-3 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар ҷумҳурӣ то 25 январ идома хоҳад ёфт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






