ПАЛАТАИ ҲИСОБ: зимни гузаронидани 350 санҷиши аудиторӣ беш аз 171 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян гардид
ДУШАНБЕ, 22.01.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар соли сипаригардидаи 2017 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 171 миллион сомонӣ зарари молиявиро муайян намуд, ки ин маблағ зимни гузаронидани қариб 350 санҷиши аудиторӣ дар вазорату идораҳо, субеъктҳои хоҷагидории давлатӣ, Марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ошкор гардид.
Дар ин хусус муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Заъфар Азимӣ 22 январ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин мақомоти олии назорати молиявӣ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гузориш дод.
Мавсуф гуфт, ки аз зарари молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 8,6 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 4,7 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 15 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 65,5 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 18,3 миллион сомонӣ ва маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 59,3 миллион сомониро ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки соли гузашта бо мақсади истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ санҷиши иҷрои буҷетҳои маҳаллии 12 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба анҷом расонида шуд, ки дар раванди он 274 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мавриди санҷиши аудиторӣ қарор гирифта, ба маблағи 13,6 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2011 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






