Паёми имсолаи Пешвои миллат барои бо ҳаёти шоиста таъмин намудани мардум равона гардидааст

Январь 31, 2018 16:19

ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 феврали соли 2018, соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» бо ташаббуси  Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон»   бо мақсади тарғиби мазмуну муҳтаво ва шарҳу тавзеҳи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамоиш доир мегардад. Дар он 100 нафар  намояндагони ин ташкилот  аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ  иштирок менамоянд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  директори  ташкилоти мазкур  Асадулло Зикрихудоев хабар дода,   ҳамчунин  иброз намуд, ки «Паёми имсолаи Пешвои миллат хусусияти иҷтимоӣ дошта, пурра барои манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ва бо ҳаёти шоиста таъмин намудани онҳо равона гардидааст».

Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки  дар  ҳамоиши мазкур   намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд.

Дар назар аст, ки меҳмонон роҷеъ ба мавзӯи мавриди назар маърӯза намоянд.

 

 

 

Январь 31, 2018 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд