Паёми Пешвои миллат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва заминаҳои давлати ҳуқуқбунёд таҳким мебахшад

Январь 5, 2018 15:28

ДУШАНБЕ, 5.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти давлатиро водор месозад, ки баҳри амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ки ба хотири таҳкими муносибатҳои байналмилалии мамлакат, ҳифзи суботу оромӣ, рушди муназзами соҳаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва таъмини шароити боз ҳам арзандаи зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат нигаронида шудааст, фаъолияти хешро тақвият бахшанд.

Ҳамин аст, ки ҳамасола мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳар фарди бонангу номуси кишвар мекӯшад, ки фаъолияти бомароми хешро баҳри  амалисозии вазифаҳои Паёми созандаи Пешвои миллат ба Парлумон ва иҷрои барномаву стратегияҳои мухталиф, ки ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таҳкими заминаҳои ваҳдати миллӣ нигаронида шудаанд, равона созад.

Мусаллам аст, ки дар ҳар як Паём ба рушди низоми ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои демократию фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ, ки омили муҳими кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи адолатпарвар ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мебошанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, инчунин  эҳтиром, риоя ва иҷрои қонун мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти давлатӣ маънидод мегардад.

Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат ба сиёсати ҳуқуқӣ ва аҳамияти падидаҳои давлати ҳуқуқбунёд барои пешрафти ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир намуда, зикр карданд, ки «Ҷумҳурии мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намуда­аст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд».

Зимнан, бо шарофати иродаи сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар солҳои аввали соҳибистиқ­лолӣ новобаста ба вазъи мураккаби ҷумҳурӣ ислоҳоти бомароми ҳуқуқӣ дар мамлакат оғоз гардид, рукнҳои давлатӣ барқарор шуданд ва Консти­тут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ва иродаи якдилонаи мардуми сарбаланди мамлакат қабул гардид.

Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ муаррифӣ намуда, халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон дошт ва барои расидан ба сулҳи комил дар мамлакат заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Имрӯз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия сиёсати ҳуқуқии давлат, дар ҳолати рушду такомул қарор дорад, бинобар таҳкими парламентаризми миллӣ муҳимтарин қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд ва дар онҳо арзишҳои эътирофнамудаи санадҳои байналмилалии универсалӣ инъикоси худро пайдо намуданд.

Муҳим аз ҳама, унсурҳои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ рушд ёфтанд ва дар заминаи онҳо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид,  кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон меҳвари асосии сиёсати давлатӣ дониста шуд, падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд ва барои амалишавии принсипи гуногунандешии сиёсӣ, озодии сухан ва виҷдон заминаи муосид фароҳам омад.

Пешвои миллат дар Паём аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар гар­дида, зикр намуданд, ки «фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад».

Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии мардуми мамлакат қабул гардид, суннатҳои мардумиро ҳамчун омили инъикоску­нан­даи фарҳанги волои инсонӣ маънидод кард ва онҳоро аз дахолати ноҷои ҳар гуна андеша­ҳои номатлуб ва ифротӣ эмин нигоҳ дошта, омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардид.

Дар як муддати кӯтоҳ қонун ниҳоят натиҷаи муфид ба бор овард ва барои бартараф намудани исрофкорию хароҷоти беҳуда дар тӯю маърака ва маросимҳои азодорӣ, паст кардани унсурҳои манфии худнамоӣ, тақлид­корӣ ва инчунин барои нигоҳ доштани нарху наво дар бозори истеъмолӣ мусоидат кард ва ба буҷаи ҳар як оила сабукӣ овард.

Бинобар зарурати ба миёномада ва таклифу пешниҳодҳои сершумори аҳолӣ бо ташаббуси Роҳбари давлат ба Қонуни зикршуда соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ба такмили қонун, пешгирии хурофоту зоҳирпарастӣ ва хароҷоти нолозим зимни баргузории ҷашну маросимҳо нигаронида шуда буданд.

Имрӯз кишвари мо бинобар амалишавии сиёсати созандаи Пешвои миллат бомаром дар ҳоли рушд қарор дошта, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои азим ба назар мерасанд. Ин омил ҳар як шахси худогоҳу худшиноси мамлакатро водор месозад, ки  ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои дар Паём гузошташуда дучанд фаъолият намуда, бо дарки амиқи қарзи шаҳрвандии худ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократиамон саҳмгузор бошад.

 

Даврон ҲОШИМЗОДА,

Судяи Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқ

 

 

 

 

Январь 5, 2018 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид