«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Беҳрӯзи Забеҳулло дар бораи куҳантарин аз ҷашнҳои олам

Январь 16, 2018 16:43

Омад эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,

Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.

                                                                       Манучеҳрӣ

  ДУШАНБЕ, 16.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ҷашни Сада ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, шаби чилла ҷашни миллӣ буда, ба ҳеч қавму дин иртибот надорад. Решаи ҷашнҳои мардуми ориётабор аз ибтидо бо табиату кайҳон ва иҷтимои башарӣ иртибот доштааст. Ба ҳамин тартиб, решаи аксари ҷашнҳои ориёӣ бархоста аз кашфиётест, ки ошкор шудани он ба нафъи тамоми ҷомеи башарӣ будааст, аз қабили кашфи оташ, баробарии шабу рӯз, ихтирои оҳан, даст ёфтан ба улуми кишоварзӣ, тиб, киштисозӣ, тасарруфи уқёнусҳои паҳновар ва ғайра. Барои мисол, Каюмарс тибқи ривоёти «Шоҳнома» аввалин касе буд, ки тоҷи подшоҳӣ бар сар ниҳода, низоми ҳукуматдориро бунёд гузоштааст. Шоҳ Ҳушанг мардуми замони худро бо обёрию санъат ва ҷудо кардани оҳану санг ва сохтани абзори оҳанӣ ошно сохт ва ба онҳо кишоварзӣ омӯхт. Кашфи оташ ва бунёди ҷашни Сада низ ба Ҳушанг нисбат дода мешавад.

Сохтани абзори ҷангӣ, кашфи либос ва омӯзиши ҳунари риштану бофтану дӯхтан, сохтмон ва хиштрезӣ, истихроҷи сангҳои қиматбаҳо, баровардани бӯйҳои хуш, ба монанди мушку анбар, уд, гулобу кофур ва кашфи ҳунари киштисозӣ ва дарёнавардӣ ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шудааст.

Аз ин рӯ, Садаро куҳантарин ҷашни мардуми ориёитабор ва ба иборате, куҳантарин ҷашни ҷаҳон медонанд. Вожаи Сада ҳамон адади 100 буда, ба маънои 100 шабу рӯз то оғози Наврӯз аст. Дар манобеи асотирӣ дар бораи пайдоиши ҷашни Сада омадааст, ки Ҳушангшоҳ барои шикор бо ҳамроҳони хеш ба кӯҳистон рафт, ки нигоҳаш ба мори сиёҳи калоне бархӯрд. Санге ба сӯи мор раҳо кард, санг ба мор нарасид ва ба санги дигаре бархӯрд ва чарақае аз ин бархӯрд падид омад ва буттаи хушки канори санг аз он чарақа оташ гирифт ва ба ҳамин тартиб оташ падид омад, то шаҳрнишинӣ шакл гирад, зеро пайдоиши ҳар санъате ва густариши ҳар маданияте, пеш аз ҳама, бо мадади оташ муяссар мешавад. Фирдавсии бузургвор ин ҳодисаро дар «Шоҳнома» ин гуна тасвир кардааст:

Баромад ба санги гарон санг хӯрд,

Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.

Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Қобили зикр аст, ки дар бораи пайдоиши ҷашни Сада манбаъҳои таърихӣ далелҳои дигаре низ матраҳ кардаанд. Яке аз манбаъҳое, ки дар ин бора иттилоъ додааст, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём аст. Дар ин манбаъ дар бораи таърихи пайдоиши ҷашни Сада омадааст: «Афридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигрифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».

Бархе манобеи таърихӣ номи Садаро баргирифта аз адади 100 медонанд. Аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ дар ин замина навиштааст: «Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада: «Шумори фарзандони Одам абулбашар дар ин рӯз ба сад расид». Аммо муҳаққиқ Ризо Муродии Ғиёсободӣ назарияи А. Берунӣ дар бораи иртиботи вожаи сада ба адади садро рад карда, менависад: «Вожаи сада дар Авасто ҳам ба маънои тулӯъ кардан ва ҳам ба маънои ғуруб кардан омадааст ва ба гумони зиёд, ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулӯъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш иртибот дошта бошад».

Ризо Муродии Ғиёсободӣ мӯътақид аст, ки «ҷашни Сада ҳеч гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».

Ба навиштаи муаррихоне ҳамчун Берунӣ, Байҳақӣ ва Гардезӣ, ҷашни Сада яке аз се ҷашни бузургест, ки дар даврони исломӣ то охирҳои даврони Хоразмшоҳиён ва ҳамлаи муғул давом оварда ва ҳам салотину амирон ва ҳам мардуми одӣ ин ҷашнро ба по медоштаанд. Ба ҳамин тариқ, тибқи гузориши ин муаррихон, машҳуртарин ва бузургтарин ҷашни Сада дар замони Мардовиҷ дар соли 323 ҳиҷрӣ дар Исфаҳон баргузор шудааст. Ба ривояти “Таърихи Байҳақӣ”, ҷашни Садаи дигаре, ки ба ёди мардум монда, ҷашнест, ки дар замони султон Масъуди Ғазнавӣ дар соли 430 ҳиҷрӣ баргузор шуд. Унсурӣ, шоири қасидасарои дарбори Ғазнавӣ ҳангоми таҷлили ҷашни Сада дар баробари Маҳмуди Ғазнавӣ қасидае дар бораи ин ҷашн қироат кардааст, ки матлаи он чунин аст:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Тавсифи ҷашни Сада дар ашъори дигар шоирони дарбори Ғазнавӣ низ ба чашм мехӯрад ва далолат бар он дорад, ки ҷашни Сада дар замони Ғазнавиён ҳамчунон бо шукӯҳ баргузор мешудааст. Аз ҷумла, Манучеҳрии Домғонӣ ҳам дар бораи ҷашни Сада қасидае суруда, ки чунин оғоз мешавад:

Омад эй сайиди аҳрор! Шаби ҷашни Сада,

Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.

Оташе бояд чунон ки фарози аламаш,

Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.

Май хӯр, эй сайиди аҳрор шаби ҷашни Сада,

Бода хӯрдан бале аз одати аҳрор бувад.

Аз нукоти ҷолиби ҷашни Сада ин аст, ки бо гузашти асрҳо дар маросими баргузории ин ҷашн тағйироти чандоне ворид нашудааст ва то кунун низ мардум ҷашни Садаро ба гунае баргузор мекунанд, ки дар даврони бостон роиҷ будааст.

Дар Тоҷикистони мо низ баъд аз касби истиқлолият давлати тозабунёд роҳро барои эҳёи расму ойинҳои миллӣ ҳамвор кардааст ва барои таҷлили ин ҷашнҳои бостонӣ ҳеч монеае вуҷуд надорад. Дар ин муддат бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз ба ҷашни байналмилалӣ мубаддал шуд ва ҷашни Меҳргон низ эҳё гардид. Акнун дар радифи ин ду ҷашни миллӣ фурсати бисёр муносиб фароҳам шудааст, ки ҷашни Сада низ бо шукӯҳу шаҳоматаш дубора барқарор гардад. Чунон ки дар ибтидо зикр кардем, ин се ҷашни миллӣ реша дар тағйироти табиату кайҳон дошта, ҳеч рабте ба ақидаҳои динӣ надоранд, балки адёни куҳан, ба монанди ойини меҳрпарастӣ, зардуштия, масеҳият ва ҳатто ислом дар бархе мавқеъ таҳти таъсири ин ҷашнҳо қарор гирифта, аз ин маросимҳо таъсир пазируфтаанд.

 

Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО,

ходими илмии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ

Январь 16, 2018 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Ҷумҳурии Арабии Миср дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон шинос гардид
Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол гардид
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок доранд
Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад