Соли 2017 маоши омӯзгорону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 5 то 30 % зиёд карда шуд
ДУШАНБЕ, 23.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ҷавони ҷомеа, соли сипаригардида маоши омӯзгорону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) аз 5 то 30 % зиёд карда шуд. Дар ин бора имрӯз, 23 январ ректори донишгоҳи мазкур Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Бо назардошти он, ки аксарияти ассистентони донишгоҳро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бо мақсади сазовор ҷамъбаст намудани Соли ҷавонон аз ҷониби раёсати ДМТ маоши асистентон 30 % баланд бардошта шуд. Ин тадбир асосан ба хотири зиёд намудани диққат ва қобилиятнокии ҷавонон- аспирантони ДМТ роҳандозӣ карда шуд. Фикр мекунам, ки он дар Соли ҷавонон барои аспирантони мо ва дар роҳи татбиқи сиёсати Пешвои миллат нисбат ба ин қишри ҷомеа амали саривақтӣ мебошад»,-гуфт номбурда.
Зикр шуд, ки олимони донишгоҳ бо ҳисси баланди дарки масъулият дар раванди босуръати рушди илму техника, ки тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтаву зарурати таҳия ва татбиқи амалии дастовардҳои илмиро ба миён овардааст, фаъолияти илмии худро идома дода, баҳри ҳарчи бештар дар соҳаҳои гуногун татбиқ намудани дастовардҳои илмии худ кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодаанд.
«Маҳз таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ ба пайванди илм бо истеҳсолот буд, ки нишондиҳандаҳои илмии соли 2017 дар муқоиса ба соли 2016 хеле беҳбудӣ ёфта, миқдори унвондорони донишгоҳ аз 51% ба 53,1% баробар шуд»,-гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






