Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли эҳёи ҳунарҳои қадимӣ барои Истаравшан аст

Январь 19, 2018 09:35

ДУШАНБЕ, 19.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Истаравшан бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти унвони «Ҳунари асил» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Шералӣ Азимӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, маҳфили мазкур ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, дар он ҳунармандони шаҳр ва ҷамоату  деҳот, муассисаҳои таълимӣ, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, Литсеи касбӣ-техникӣ, устоҳои  кордсоз, аъҷубасоз ва шонасоз маҳсули меҳнати худро ба тамошо гузоштанд.

Мудири  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан  Фароғат Юсупова иброз дошт, ки Пешвои миллат дар Паёми худ  оид ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфта, барои боло бурдани зиндагии мардум дастуру супоришҳо доданд ва соли 2018 – ро  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Ба гуфтаи масъулин, ҳоло дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ равнақ дошта,  ҳар яки онҳо таърихи тӯлонӣ доранд. Мақсад аз баргузории  маҳфил ва намоиши дастовардҳои мардумӣ рушд додани ҳунарҳои халқӣ ва  дарёфти ҳунармандони болаёқат мебошад.

Баргузории чунин намоишу маҳфилҳо дар дигар ҷамоат ва  кумитаҳои маҳаллии шаҳри Истаравшан  дар назар дошта шудааст.

Январь 19, 2018 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад