ТОҶИКИСТОН ДАР ОСТОНАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Роҷеъ ба чанд муждаи фараҳбахш аз Паёми Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳадафи аслии ҳар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ноил гардидан ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин намудани зиндагии шоиста барои мардуми ҷумҳурӣ мебошад. Ин мақсад дар Паёми имсолаи Пешвои миллат хеле муъҷаз баён ёфтааст. Дар қисмати ҷамъбастии Паём зикр мегардад: «…Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд». Дар робита ба ин мавзӯъ раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетика Аслиддин НАЗАРЗОДА чунин изҳори андеша намуд:
Мусаллам аст, ки тамоми фаъолияту амал ва фикру зикри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст. Пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, сол то сол дар арсаи байналмиллалӣ афзун гаштани обрӯву нуфузи Ватани мо, кам шудани сатҳи камбизоатӣ, батадриҷ аз давлати воридкунанда ба мамлакати содиркунанда табдил ёфтан қудрати созандаи халқи меҳнатии моро бори дигар собит месозад. Ин ҳам хеле муҳим аст, ки имрӯз халқи тоҷик аз гузаштаи начандон дури худ сабақ гирифта, дар фазои орому осоиш умр ба сар мебарад ва ваҳдати миллии худро чун гавҳараки чашм эҳтиёт месозад. Дар ин мавзӯъ Пешвои мо дар Паём таъкид менамоянд: «Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем. Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкории густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».
Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин восита таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии сокинони мамлакат мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, Сарвари давлат барои таъмини зиндагии шоистаи сокинон як зумра беҳбудиҳоро пешниҳод менамоянд. Тавре дар Паём омадааст, соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст. Нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ аз се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Ҳукумат барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои мазкур барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, дар ду соли охир ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидааст.
Ба ғайр аз ин, дар назар дошта шудааст, ки соли равон бо назардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад. Ин ҳама, албатта, ба беҳбудии зиндагии тамоми қирши ҷомеа равона гардидааст.
Тоҷикистон дар остонаи истиқлолияти энергетикӣ қарор дорад. Ин яке аз муждаҳои фараҳбахше буд, ки дар Паёми Сарвари давлат садо дод. Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии Пешвои миллат буд, бинобарин ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати мамлакат табдил ёфта буд. Ва инак, имсол, бо ба кор даромадани нахустин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба ин қуллаи мурод хоҳем расид!
Ман ки фаъолиятам ҳама вақт бо энергетика вобаста аст, наметавонам пешрафти ҷумҳуриро дар ин соҳаи муҳиму калидӣ хотиррасон насозам. Тавре ба ҳамагон маълум аст, ибтидо аз 14 январи соли 2017 дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудияти барқ барҳам дода шуд. Бо назардошти он, ки Тоҷикистон бе ворид намудани барқ аз хориҷи мамлакат танҳо бо истеҳсоли барқи худӣ аҳолӣ ва ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқро пурра ва бемаҳдудият бо барқ таъмин намуда истодааст, ин дастоварди беназири сиёсати энергетикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Шахсан ман хуб огоҳам, ки дар давраи тирамоҳу зимистон мардуми мо мушкилии зиёд дошт, кори соҳаи саноат фалаҷ буд, мактабу донишгоҳҳо дуруст фаъолият намекарданд, дар табобатгоҳҳо шароиту имконияти кор кардан аз байн мерафт. Баъзе солҳо маҳдуд намудани таъминоти барқ аз моҳи сентябр оғоз ёфта, то моҳи апрел идома меёфт. Таъминоти барқ дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои саноатӣ низ дар доираи маҳдудият буд. Ин душворӣ ҳам пушти сар шуд. Дар солҳои истиқлолият пурра ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва “Сангтӯда-2”, МБГ-и дуюми шаҳри Душанбе ва дар минтақаҳои кӯҳистон бунёд ёфтани неругоҳҳои хурди барқи обӣ иқтидори истеҳсоли барқро дар мамлакати мо ба қадри 1300 мегаватт зиёд намуд.
Баробари бунёди иқтидорҳо, сохтмони инфрасохтори энергетикӣ низ ба таъминоти барқ ба мардум мусоидат менамояд ва боиси рушди соҳа мегардад. Ба истифода дода шудани Хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» низоми энергетикии моро муттаҳид ва ягона сохт. Дар муддати кӯтоҳ маҳз бо ташаббус ва пешниҳоди Пешвои миллат бунёд ёфтани МБГ-и дуюми шаҳри Душанбе, ки ҳам неруи барқ ва ҳам гармӣ истеҳсол менамояд, ин имкониятро барои мардуми тоҷик муҳайё намуд.
Ба ғайр аз ин, дар чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикии Норак, Қайроққум, Сарбанд ва Варзоб амалӣ гардида истодаанд, ки ба неругоҳҳо умри дубора бахшида, таъминотро бо барқ афзун месозанд.
Ин раванд идома дорад. Дар Паёми нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зикр ёфтааст: «Дар баробари бунёди иншооти нави тавлиди неруи барқи обӣ имрӯз зарурати таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда пеш омадааст, ки сармоягузории зиёдро тақозо менамояд. Лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Норак” дар ду марҳала бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳалаи якуми он оғоз ёфт. Дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он соли 2018 ба кор андохта мешавад. Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” яке аз кӯҳнатарин неругоҳҳо буда, аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад. Барои таҷдиди ин неругоҳ 600 миллион сомонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи лоиҳа соли оянда оғоз мешаванд. Дар маҷмуъ, барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад…».
Ин ҳама собит месозад, ки мо дар арафаи ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои асосии худ — истиқлолияти энергетикӣ қарор дорем. Вале имрӯз зарур аст, ки ҳар муштарии барқ баробари кормандони соҳа масъулияти баробар ҳис намуда, дар истифодаи барқ маърифати баланди худро нишон диҳад. Дар ин бора дар Паём низ зикр гардидааст: «Дар баробари ин, истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла, тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Дар ин сурат мо метавонем дар се соли оянда ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем…».
Риояи ду омил-истифодаи сарфакоронаи барқ ва пардохти пурраву саривақтии неру ба мо имконият медиҳад, ки ҳам маблағи буҷети оилавиро сарфа намоем ва ҳам дар таъмини саросарии мамлакат саҳм гирем.
Вақтҳои охир баҳогузории ҳар киловатт-соат неруи барқ ё худ муайян намудани нархи барқ боиси гуфтугузор ва баҳсҳои ҷиддӣ қарор мегирад. Ман ҳамчун роҳбари кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касаба ҳама вақт дар пайи ҳифзи манфиати меҳнаткашон мебошам. Чанде пеш баромади Бонки ҷаҳонӣ бобати паст будани нархи барқ дар Тоҷикистон нашр гардид. Дар он зикр меёфт, ки нархи барқ дар Тоҷикистон аз меъёр хеле паст мебошад ва ин боиси рушд наёфтани соҳа мегардад. Бо вуҷуди ин, тибқи сиёсати гуманистии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи барқ дар мо, баръакси баъзе кишварҳои дигар на якбора, балки батадриҷ, баробари зина ба зина баланд шудани сатҳи зиндагӣ тағйир меёбад, ки ин ҳам як ғамхорӣ ба сокинони ҷумҳурӣ аст. Инчунин ҳангоми тағйир ёфтани нархи барқ зараре, ки қишри камбизоати ҷомеа мебинад, ҷуброн мегардад. Дар Паёми имсола зикр шудааст: «Тарифи миёнаи як киловатт-соат неруи барқ ба аҳолӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба мисли Қазоқистон 30 дирам, Россия 38-40 дирам, Беларус 44-45 дирам, Ӯзбекистон 53-55 дирам, Арманистон — 80 дирам буда, дар Аврупо, аз ҷумла, Дания, Олмон, Белгия ва дигарҳо ҳатто 2,8-3 сомониро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон нархи як киловатт-соат барқ ҳамагӣ 17 дирамро ташкил медиҳад.»
Ман гумон мекунам ҳар сокини ҷумҳурӣ имкони пардохти маблағи барқро дорад ва мо набояд фаромӯш намоем, ки пардохт намудани маблағи барқи истифодабурдаамон маънои такроран истеҳсол шудани ин маҳсулоти барои ҳама ва ҳар кас заруриро дошта, барои рушди бемайлони соҳа хеле муҳим аст.
Паёми имсолаи Пешвои миллат маҷмуаи тадбирҳои беҳбудӣ бахшидан ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ мебошад. Зимни мутолиаи он дилҳо гарм ва боварӣ ба фардо афзун мегардад. Ин Паёмро, пеш аз ҳама, бояд чун мужда аз фарорасии саодати миллат ва зиндагии шоистаи тамоми тоҷикистониён қабул намуд. Ҳар сокини ҷумҳурӣ, новобаста ба мавқеи ҷамъиятӣ, синну сол ва касбу вазифа бояд онро омӯзад ва дар ҳаёт татбиқ намояд.
Мо бояд ифтихор намоем, ки Пешвои миллатамон ҳама вақт дар фикру нияти беҳбудии зиндагӣ ва хушбахтиву саодати мост.
Аслиддин НАЗАРЗОДА,
раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи
кормандони энергетика,
номзади илмҳои иқтисодӣ