Тоҷикистон дар раддабандии «Шохиси ҳуқуқи кӯдак-2017» мақоми 55-умро касб кард
ДУШАНБЕ, 16.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии «Шохиси ҳуқуқи кӯдак-2017», ки соли 2017 аз ҷониби созмони «Бунёди ҳуқуқи кӯдак» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ерасмуси Роттердам дар самтҳои ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, саломатӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд, миёни 165 кишвари аъзои Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид мақоми 55 – умро касб намуд.
Тавре ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Солиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод:
«Тибқи раддабандии мазкур, Тоҷикистон миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ баъд аз Ҷумҳурии Қазоқистон (ҷойи 22) ва Туркманистон (ҷойи 42) дар ҷойи сеюм қарор дорад. Пас аз Тоҷикистон давлатҳои Озарбойҷон (ҷойи 66), Беларус (ҷойи 78), Қирғизистон (ҷойи 81), Ӯзбекистон (ҷойи 85), Федератсияи Россия (ҷойи 86) ва Арманистон дар ҷойи 106 қарор гирифтаанд».
Индекси «Kids Rights» раддабандии умумиҷаҳонӣ буда, аз ҷониби давлатҳои аъзои Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак андешидани тадбирҳоро ҷиҳати беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон баҳогузорӣ менамояд. Ин раддабандӣ (http://www.kidsrightsindex.org) рейтинги тамоми давлатҳои аъзои Конвенсияро дар бар гирифта, ҳамасола нашр мешавад.
Маврид ба зикри хос аст, ки натиҷаҳои тадқиқот дар асоси омӯзиши як қатор нишондиҳандаҳои давлатҳо тартиб дода шудаанд. Тибқи раддабандии соли 2016 Тоҷикистон дар зинаи 57 қарор дошт ва он соли 2017 ду зина боло рафт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






