Тоҷикистон ва Қатар табодули содироти маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 13.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 январи соли 2018 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири шаҳрсозӣ ва муҳити зисти Қатар Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Румейҳӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо роҳҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқавориро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин роҷеъ ба имкониятҳои таъсиси ширкату корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Қатар табодули назар сурат гирифт.
Ҷонибҳо бар зарурати дар наздиктарин фурсат ба имзо расонидани созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъкид намуда, таҳкими робитаҳои мустақими корӣ миёни доираҳои соҳибкории ду давлат дар арсаҳои кишоварзӣ ва хӯрокворӣ ва иштироки онҳоро дар намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар Тоҷикистон ва Қатар ҳамасола баргузор мешаванд, муҳим арзёбӣ намуданд.
Вазорати шаҳрсозӣ ва муҳити зисти Қатар яке аз бузургтарин вазоратҳои ин давлат буда, ҳамчунин масъули татбиқи сиёсати давлатии Қатар дар соҳаҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ мебошад.








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд






