Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар рушди сайёҳии мамлакат мавқеи намоён доранд
Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 20.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таъриху фарҳанг ва пешрафти тамаддуни миллати тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар минтақа яке аз аввалинҳо шуда, ба узвияти созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ шомил гардида буд. Махсусан шомил гардидани ҷумҳурӣ ба узвияти ЮНЕСКО баҳри ривоҷу равнақи сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ роҳи бузургеро дар тараққиёти соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ боз менамояд. Дар робита ба ин мавзӯъ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ ХОҶАЕВ андешаҳояшро чунин баён кард:
Маҳаки асосии иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Точикистонро дар якҷоягӣ бо табиати биҳиштосои он зиёда аз 3000 адад ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, 6 адад муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, микдори зиёди осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хонамузейҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, инчунин дигар ёдгориҳои алоҳидаи меъморӣ ва таърихию бостоншиносӣ ташкил медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории бостонии Саразм ва «Боғи миллӣ» ба рӯйхати асосии ЮНЕСКО ворид карда шуда, 13 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ тавассути силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО ворид гардидаанд. Инҳо Панҷакенти қадим, шаҳраки Бунҷикат, шаҳри Ҳисор, шаҳраки эллинистии Тахти Сангин, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, дайри буддоии Аҷинатеппа, шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, қалъаи Ямчун ва силсилаёдгориҳои водии Вахон, маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, қалъаи бостонии Хуҷанд, тасвирҳои рӯисангии ноҳияи Ашт, Мадрасаи Мир Раҷаб Додхоҳ ва Мадрасаи Ойим мебошанд. Инчунин 4 макони бостонии тасвирҳои рӯисангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силсилаҷоизаи «Тасвирҳои рӯисангии Осиёи Марказӣ» ворид карда шуданд, ки инҳо тасвирҳои рӯисангии Оқҷилга ва ғорҳои Шахтии ноҳияи Мурғоб, Лангари ноҳияи Ишкошим, Сойи Сабағи ноҳияи Мастчоҳ мебошанд.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 100 адад ёдгориҳои мансуб ба таърих ва фарҳанги исломӣ — мақбараву мадраса ва масҷидҳо мавҷуд буда, таърихи куҳан доранд. Дар қатори ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва табиӣ, инчунин объектҳои дорои эътиқоди динӣ ва маросимӣ, ки мавриди эҳтиром ва зиёрати мардуми маҳаллӣ ва сайёҳони дохилию хориҷӣ гардидаанд, мавқеи хосаро доро мебошанд. Ёдгориҳои моддии нотакрори халқи тоҷик, аз ҷумла бозёфти катибаҳои «Қуръон» ва навиштаҷоти ирфонӣ, девормусаввараҳо аз Қалъаи Ҳулбук мансуб ба асрҳои IX-XII, мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Эмом Аскари Содиқ, Эмом Зайналобиддин, Бурҷи Сармаст, Бибӣ Фотимаи Зуҳро, Чашмаи Носир, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Мавлоно Юсуфи Чархӣ, Хоҷа Аҳтами Асам, Муҳаммад Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, Муҳаммад Башоро, Абуабдулло Рӯдакӣ, Шайх Муслиҳиддин ва ғ., ки дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ тармим ва бозсозӣ гардидаанд, қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошанд.
Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат зиёда аз 70 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ тармим ва барқарорсозӣ гардиданд. Илова бар ин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ба тасвиб расидааст. Дар ду марҳила корҳои тармиму барқарорнамоии 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масҷиди таърихӣ, 3 маъбади қаблазисломӣ фарогир мешаванд, ки аз онҳо 17 ёдгорӣ тармим, 11 ёдгорӣ барқарор, 8 ёдгорӣ нигаҳдошт, 5 ёдгорӣ қисман барқарор ва 2 ёдгорӣ таъмир хоҳанд шуд. Маблағи умумии барои Барнома пешбинишуда 67,8 млн сомониро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60,0 млн. маблағҳои буҷавиро ташкил медиҳанд.
Иҷрои пурраи Барномаи мазкур ҳамчунин имконият медиҳад, ки яке аз самтҳои даромадноки иқтисодӣ- туризми фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шароити муфид муҳайё карда шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва табиати нотакрори хеш дорои иқтидори васеи сайёҳии дараҷаи байналмилалӣ мебошад. Сайёҳӣ барои ҳар як давлат соҳаи сердаромад ба ҳисоб меравад. Солҳои охир даромаднокӣ аз ҳисоби сайёҳӣ дар қатори саноати нафту газ, мошинсозӣ ва кимиёвӣ баланд арзёбӣ гардида, барои равнақи ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва суннатӣ, эҳёи таъриху фарҳанги ғанӣ, инчунин табиати нотакрори Тоҷикистон асоси манбаи ҷалби сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ ба ҳисоб мераванд.
Мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ дар пешбурди самараноки фаъолияти сайёҳӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Маҳз чунин объектҳо ва ҳудудҳои ба онҳо наздики тамошобоби таърихию фарҳангӣ ва табиӣ, ки барои нигоҳ доштани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ равона шудаанд, ба пешрафти сайёҳӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон шумораи муассисаҳои мансуб ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон афзоиш ёфта, таваҷҷуҳ ба мероси моддии ниёгон ва худшиносии миллӣ тадриҷан афзун гардидааст.
Шумораи муассисаҳои вобаста ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бамаротиб афзуд. Таъсиси Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Муассисаи давлатии Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара ва Муассисаи давлатии маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд, Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ натиҷаи дастовардҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ мебошад.
Дар радифи таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчунин ба масъалаи тармиму нигаҳдошти онҳо, рушду нумӯъ, оммавигардонӣ ва мукаммал намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 санади меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ба тавсиб расидаанд.
Зимнан бояд зикр намуд, ки эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносӣ мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии кормандони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Шералӣ ХОҶАЕВ,
сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи
мероси таърихию фарҳангии
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон